БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД
“РОҒУН. ДЕҲОТИ ҚАДИ ОБ КАЙ СОҲИБИ ВАРЗИШГОҲ МЕШАВАД?”
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун матлаби Зикруллоҳ Раҷабзодаро “Роғун. Деҳоти Қади Об кай соҳиби варзишгоҳ мешавад?”, ки 15-уми майи соли 2023 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (№100-101 (24712)), нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар робита ба ин, иттилоъ медиҳем, ки дар ҳудуди деҳоти Қади Об чор толори варзиш, дар деҳаи Қалъаи Нав майдони хурди замонавӣ барои бозии футбол ва 10 майдончаи варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимии ҳудуди деҳот мавҷуданд. Дар ин иншоотҳо ҳамасола мусобиқаҳои гӯштӣ ва футболу волейбол баргузор мешаванд. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар доираи дастурҳое, ки аз паёмҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар шаҳр тайи даҳ соли оянда бунёди 12 майдончаи варзиш дар назар аст, ки қисми зиёдашон дар ҳудуди деҳоти Қади Об сохта мешаванд.
Тибқи нақша-чорабиниҳо ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сохтмони иншооти варзишӣ дар назар аст. Айни замон 3414 хонандаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ин деҳот ва шумораи зиёди ҷавонону калонсолон аз иншоотҳои варзишии мавсимию доимӣ истифода менамоянд. Дар ду толори варзиш ба наврасону ҷавонони деҳаҳои Қалъаи Нав ва Чашмаи Кулло мураббиёни Муассисаи давлатии "Мактаби варзишии шаҳр" аз намуди гӯштии миллӣ ва дзюдо машқу тамрин медиҳанд.
Мавсими тобистони соли 2023 пеш аз баргузории мусобиқаҳо оид ба гӯштии миллию дзюдо, футболу волейбол ва варзиши сабук ду толор, майдони хурд барои бозии футбол ва майдончаҳои варзишии назди муассисаҳои таълимии деҳот таъмири ҷорӣ шуданд, ки ин иқдом дар мавсими нави баргузории чорабиниҳои варзишӣ амалӣ гардида, иншоотҳои мазкур бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин хоҳанд шуд. Ҳамчунин, соли ҷорӣ сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону аҳли ҷамоатчигии деҳоти Қади Об барои бунёди ду иншооти дигари варзишӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудаанд.
С. САИДЗОДА, раиси шаҳри Роғун
Санаи нашр: 16.05.2024 №: 90-91
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)