ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗИИ РАҚАМИ ЯКИ ҶАҲОН

БОЗИИ РАҚАМИ ЯКИ ҶАҲОН

20 май 2024, Душанбе
23
0
 
Ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони  Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани 25-уми май – Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шуд, ба хотири ҳамовозӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат чорабиниҳо доир мегарданд.
 
ДУШАНБЕ: ТАСДИҚИ РАМЗИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ
Дар толори маҷлиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор гардид. 
Дар ҷаласа, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радио ширкат доштанд. 
Ҷамшед Табарзода қабули пешниҳоди раиси Конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳидро ба ҳозирон таҳният гуфта, қайд намуд, ки дар баргузории аввалин ҷашни Рӯзи ҷаҳонии футбол бояд тамоми маҳорату малакаи хешро истифода бурда, ин чорабиниро дар сатҳи олӣ гузаронем. 
Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов баромад намуда, иттилоъ дод, федератсия ба ин муносибат баргузории Фестивали футболро ба нақша гирифтааст, ки 25-26-уми май доир хоҳад шуд.
Дар ҷаласа, инчунин, рамзи Рӯзи ҷаҳонии футбол муаррифӣ ва тасдиқ гардид.
 
Л. ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
 
ВМКБ. ҲАМОИШИ ОММАВӢ БА ХОТИРИ ЭЪЛОНИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ
Дар шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, муовинони раиси вилоят, роҳбарияти шаҳри Хоруғ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, варзишгарон, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа чун нишони ҳамовозӣ ҳамоиши оммавӣ доир гашт.  
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ҳозиронро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрик намуда, зикр кард, ки он саҳифаи наверо дар таърихи варзиши рақами яки ҷаҳон боз намуд. Ин рӯйдоди фараҳбахш нуфуз ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва созанда дар ҳалли масъалаҳои мубрами башарият боз ҳам боло мебарад. 
Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди футбол, ки ҳамчун бозии рақами яки ҷаҳон эътироф гардидааст, тамоми шароитҳоро муҳайё сохтааст. Аз ҷумла, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 ва 2017-2021 қабул гардид, ки барои ҷалби аҳолӣ ба футбол, таъмиру навсозии иншооти соҳа, кашфи истеъдодҳои нав аз байни наврасону ҷавонон замина гузошт. Аз ҷумла, баргузор намудани мусобиқаҳои гуногун, бозсозӣ ва беҳтар гардондани сифати майдонҳои футбол, ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш дар вилоят аз зумраи чорабиниҳои муҳими татбиқи ҳадафҳои барнома мебошад. Ҳоло дар қаламрави вилоят барои рушди футболи касбӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат варзишгоҳи марказӣ ва маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ, варзишгоҳҳо дар марказҳои  ноҳияҳои Ванҷу Роштқалъа ва бештар аз 30 толору майдончаҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди истифода қарор доранд. Бо дастур ва ҳидояти Сарвари давлат то соли 2030 бунёди 81 майдонча ва 87 толори варзишӣ дар деҳаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, ба нақша гирифта шудааст.
Эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол бозгӯи он аст, ки мо ҳамчун миллати тамаддунофар дар пайвандии халқиятҳои гуногуни ҷаҳон ҳиссаи арзишманд дорем, барои таъмини сулҳу суботи тамоми олам саҳмгузор ва пешгом ҳастем. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
 
ФУТБОЛ ҶУЗЪИ РӮЗМАРРАИ ҲАР ШАХС БОШАД
Футбол аз намудҳои оммавитарини варзиши ақсои олам буда, ҳамчун падидаи солимии аҳолӣ эътироф шудааст. Футбол, ҳамчунин, омили муҳими инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва тарбияи ашхос, алалхусус наврасону ҷавонон ба шумор меравад. 
Ба таъкиди президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, рушди футбол аз намудҳои афзалиятноки варзиш ҳисоб шуда, ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъмину оммавияти он, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодагии варзишгарони касбӣ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад.
Дар робита бар ин, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шавад. Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ин пешниҳодро пазируфт ва қатъномаро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд. 
Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ва Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” дар ҳамовозӣ ба ин иқдом, ҷиҳати беҳдошту инкишофи соҳа тадбирҳои амалӣ меандешанд, то футбол ҷузъи доимӣ ва рӯзмарраи ҳар як шахси пешқадами ҷомеа бошад. 
 
Ҷаҳонгир ФАЙЗЗОДА, омӯзгори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов
Санаи нашр: 20.05.2024 №: 93
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив