«ВАҲДАТ». ҶАМЪОВАРИИ ГЕЛОС ДАР БОҒИ МИЛЛӢ ШУРУЪ ШУД
Ҳамасола дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ боғу токзори нав бунёд ёфта, бо иҷрои саривақтии тадбирҳои агротехникӣ ҳаҷми истеҳсоли мева зиёд мешавад.
Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки Муассисаи давлатии Боғи миллии "Ваҳдат”, ки аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзии вилоят мебошад, соли 2008 таъсис ёфта, майдони он 631 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагидорони Муассиса, ки дар таъмини фаровонии бозори дохилӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар саҳми назаррас доранд, асосан, дар ин ҷо боғи зардолу, шафтолу, олу, гелос, себ, нок, бодом, чормағз, биҳӣ, ангур ва анор бунёд карда, ба нишондиҳандаҳои назарраси истеҳсолӣ ноил мегарданд.
Ба маълумоти Музаффар Юнусов, оғози моҳи майи соли равон кишоварзони Боғи миллии “Ваҳдат” ба ҷамъоварии гелос шуруъ карданд, ки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо вазъи корҳо шинос гашт. Гуфта шуд, ки майдони боғи гелос дар МД Боғи миллии “Ваҳдат” 5,73 гектарро ташкил медиҳад ва аз ин 4,43 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад. Кӯшишу талоши хоҷагидорон ба он равона шудааст, ки ҳосил сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ шавад.
Таваҷҷуҳи хоҷагидорони Муассиса барои бунёди боғҳои интенсивӣ зиёд аст. Дар ин ҷо аз масоҳати боғҳои бунёдшуда зиёда аз 20 гектарро боғҳои интенсивӣ ташкил медиҳад. Бунёди боғҳои интенсивӣ барои хоҷагидорони Муассиса имкон дод, ки сол ба сол истеҳсоли меваҳои хуштаъму лазизи ватаниро бештар намоянд.
Чуноне иттилоъ доданд, соли 2022 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассиса дар майдони 5 гектар боғи интенсивии зардолу бунёд гардид. Ниҳоли дарахтони зардолуро аз Туркия оварда, шинонданд, ки дар соли сеюм ғарқи ҳосил аст. Ҳосили боғи интенсивӣ пурра содиротӣ буда, ба таъкиди хоҷагидорон, баъди 5 сол аз ҳар гектар имкони ҷамъоварии бештар аз 40 тонна зардолу вуҷуд дорад.
Бо мақсади таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори дохилӣ, замини байни қатори боғҳо низ самараноку оқилона истифода мешавад. Майдони умумии замини байни қатори боғҳои ҷавон, ки дар он кишту парвариши памидор, пиёз, сабзӣ, картошкаи барвақтӣ ва дигар намуди зироати кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад, зиёда аз 100 гектарро ташкил медиҳад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.05.2024 №: 94-95
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)