РОШТҚАЛЪА. ДАРЁ МАҶРОАШРО ДИГАР МЕКУНАД
Дарёи Шохдара аз канали муваққатӣ, ки онро сохтмончиёни НБО «Себзор» ҷиҳати пешбурди корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Неругоҳ сохта буданд, ба маҷрои муқаррарӣ равон гардид. Тавре роҳбари лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» Фохир Юсуфбеков иттилоъ дод, имрӯзҳо дар сохтмони сарбанд 120 нафар коргар дар ду баст фаъолият дошта, сарбанди Неругоҳ бо дарозии 60 метр ва баландии 8,5 метр сохта шуд.
Тавре мушоҳида мешавад, аллакай, 80 дарсади корҳо дар ин иншоот ба анҷом расидаанд. Баъди анҷоми корҳо дар қитъаҳои асосӣ дарё ба маҷрои пештара баргардонда шуда, ҳаҷми оби барои фаъолияти агрегатҳои Неругоҳ зарурӣ тавассути лӯлаҳо интиқол дода мешавад.
Айни ҳол дар ин минтақаи кор мутахассисони ҶСК «Тоҷикгидромонтаж» фаъолият доранд.
Дар чорабинӣ вобаста ба сар додани оби дарёи Шохдара ба маҷрои асосиаш, ки аз анҷоми корҳо дар як марҳалаи муҳими сохтмони Неругоҳ дарак медиҳад, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо сарварии раиси вилоят Алишер Мирзонабот, раиси ноҳии Роштқалъа Лашкар Сафарзода, директори генералии ширкати «Помир Энерҷӣ» Амрихон Раҳимов ва сокинони деҳоти гирду атрофи иншоот ширкат варзиданд. Раиси вилоят ба сохтмончиён барои заҳмати шабонарӯзиашон ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин марҳалаи муҳим изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки сохтмони НБО «Себзор» бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, дар бунёди он Пешвои миллат санги асос гузоштааст. НБО «Себзор» бо иқтидори 11 мВт бунёд шуда, тибқи нақша, то охири моҳи ноябр агрегати якуми он мавриди истифода қарор мегирад. Сохтмони Неругоҳ ба рушди минбаъдаи саноат дар вилоят, аз ҷумла бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор, заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Ҳамчунин, қитъаи роҳе, ки аз назди Неругоҳ мегузарад, азнавсозӣ ва асфалтпӯш гардида, барои 400 нафар хонандаи деҳоти гирду атроф бинои нави таълимӣ бо таъмини ҳамаи шароитҳои замонавии таҳсил сохта, мавриди истифода қарор мегирад.
Раиси вилоят ҳамаи инро ғамхории Ҳукумати кишвар нисбат ба сокинони ин ноҳияи баландкӯҳи кишвар маънидод карда, иҷрои бемайлони дастуру супоришҳои Пешвои миллатро барои ҳар як сокини ноҳия амри воҷиб ва фарз арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои ҷавонон сол ба сол бештару беҳтар шароити мусоиди кор дар маҳали зист муҳайё гардида, таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба ин самт хеле зиёд аст.
Роҳбарияти вилоят ба масъулони сохтмони иншоот дастур дод, ки ба сифати кор, махсусан дар қисмати соҳилбандӣ, таваҷҷуҳи бештар равона кунанд, зеро дар шароити кӯҳистон хатари бар асари обхезӣ шуста бурдани садди сохташуда ҳамеша вуҷуд дорад. Вале иншоот бояд солҳои сол ба мардум хизмат расонад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.05.2024 №: 94-95
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)