ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

21 май 2024, Сешанбе
30
0
«КАМБУДИҲО КАЙ ИСЛОҲ МЕШАВАНД? БОЗГАШТ БА ҲОЛАТИ МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ РОҒУН»
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун матлаби «Камбудиҳо кай ислоҳ мешаванд? Бозгашт ба ҳолати мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Роғун»-ро, ки дар шумораи №34 (28 897), 16-уми феврали соли 2024, нашр шудааст, мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дод.
Шаҳри Роғун ба шарофати соҳибистиқлолӣ беш аз пеш ободу зебо гардида, ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст. Айни замон дар шаҳр бунёди неругоҳи калонтарини ҷумҳурӣ НБО «Роғун» бо маром давом дошта, дар радифи он, татбиқи  лоиҳаи роҳи «Роғун – Оби Гарм – Нуробод» ва дигар корҳои ободонию созандагӣ идома доранд, ки бешубҳа, ба  рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат хоҳанд кард. 
Бояд тазаккур дод, ки 31-уми августи соли 2022 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаи сайёҳии Роғун» ба имзо расид, ки дар заминаи он 29-уми апрели соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028 қабул шуд. Ҳадафи Барнома гузоштани заминаҳои асосии рушди соҳаи сайёҳӣ ва ояндаи наздик ба яке аз минтақаҳои сайёҳии дохилию байналмилалӣ табдил додани шаҳри Роғун мебошад. Татбиқи Барнома имкон медиҳад, ки дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва бахши хусусӣ дар се соли оянда бештар аз 17 миллион сомонӣ ба соҳаи сайёҳӣ ҷалб гардад.
Соли ҷорӣ бо мусоидати шахсони дахлдору соҳибкорон барои бунёди ду маркази ҳунармандию сайёҳӣ корҳо ҷараён доранд. Ҳамзамон, дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони ду иншооти хизматрасонии сайёҳӣ дар назар аст. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон барои таҷдиду навсозии осоишгоҳҳои шаҳр ва беҳтар гардондани хизматрасонӣ дар онҳо тадбирҳои судманд андешида шудаанд.
Дар баробари ин, бо мақсади рушди соҳа дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ фаъолият менамояд. Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ  (28-уми декабри соли 2023) ироа гардиданд, 29-уми январи соли 2024 бо қарори раиси шаҳр гурӯҳи кории босалоҳияти доимӣ таъсис ёфт ва масъалаҳои мавҷудаи соҳа зери назорати доимӣ буда, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Тавре аз омӯзиши матлаби мазкур бармеояд, рӯзноманигор мавзуъро пурра наомӯхта, танҳо фикру андешаҳои худро доир ба он иброз доштааст, ки бар хилофи талаботи меъёрҳои журналистӣ мебошад. Хабарнигори рӯзнома дар нишастҳои матбуотӣ саволи "Сабаби дар чунин вазъият будани маконҳои сайёҳии шаҳр"-ро надодааст ва аз ҷониби роҳбарияти мақомот ҷавоби "Мо ин масъаларо ҳатман таҳлил карда мебароем" пешниҳод нашудааст. Бояд таъкид сохт, ки дар нишастҳои матбуотӣ масъулон ба ҳамаи саволи рӯзноманигорон ҷавоби мушаххас медиҳанд. 
Қобили зикр аст, ки гулгашти "Нақби Роғун" дар ҳолати хуб қарор дошта, чорабиниҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ дар он баргузор мешаванд. Илова бар ин, дар ин мавзеъ давоми ду соли охир бештар аз 15 маротиба чорабиниҳои гуногун доир гардиданд. Соли 2024 барои боз ҳам ободу зебо гардондани гулгашт тадбирҳои  зарурӣ андешида шудаанд. Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Роғун чор гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ – ду гӯша дар маркази шаҳр, як гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ дар назди Ҷамоати деҳоти Қади Об ва як гӯшаи табақтарошӣ дар шафати шоҳроҳи шаҳраки Оби Гарм фаъолият дошта, дар онҳо доимиву мавсимӣ беш аз 20 нафар фаъолият менамояд.
Ахиран таъкид менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар доираи салоҳиятҳои худ барои ҳамкории ҳамаҷониба бо воситаҳои ахбори омма, бахусус рӯзномаи «Ҷумҳурият», ҳамеша омода мебошад.
 
С. САИДЗОДА, раиси шаҳри Роғун
Санаи нашр: 21.05.2024 №: 94-95
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив