ГАРМИДИҲИИ ОБӢ. ТАВСЕАИ ИҚДОМЕ, КИ ИҚТИСОД МЕСОЗАД, БОЯД БЕТАЪХИР БОШАД...
Фасли тирамоҳу зимистон дар шаҳру ноҳияҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҳамаи дегхонаву буғхонаҳо бомаром ба таври муттасилу муташаккилона кор карда, ҳамчун объекти стратегӣ маҳсуб мешуданд. Мантиқан имрӯз ҳам чунин бояд бошад!
Дар Ӯротеппаи советӣ (Истаравшани имрӯза) зиёда аз 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ арзи вуҷуд дорад. Давоми 10-15 соли охир аксарият дегхонаҳои шаҳр бо тамоми таҷҳизот, батареяҳои чӯянӣ ва оҳану лӯлаҳои фарсудааш фурӯхта шуданд. Объекти стратегӣ-иҷтимоии шуравӣ ба моликияти хусусӣ табдил ёфт. Дигар шаҳру ноҳияҳоро намедонам, аммо дар Ӯротеппа системаи тавонои гармкунии обиро масъулини тангназару «дурбин» бо дасти худ маҳв карда, оқибат ба несту нобудӣ расонданду бизнеси оҳанпора ба арши аъло баромад.
Камина дар бинои баландошёнаи шаҳр зиндагӣ мекунам ва ҳанӯз 6-7 сол пеш дар хонаи истиқоматӣ печкаи буржуйка насб буду дар балкон халтаҳои ангиштсангу ҳезум қарор дошт, зимистонро хамин тавр мегузарондем. Сад шукр, ки имрӯз неруи барқ фаровонтар шуда, аз чангу ғубор ва дуди сиёҳи печкаҳо халос шудем. Лекин барқарору ба кор андохтани системаи гармидиҳии обию буғӣ (паровое отопление) ба манфиати умум хоҳад буд, зеро бехатариву бартарият ва самаранокиаш бештар аст.
Тасаввур кунед, масалан, танҳо дар як бинои 50 хонаи истиқоматидошта, як оила якбора 2-3 печкаи электрикӣ истифода мебарад, дар маҷмуъ 100 – 150 адад бо тавоноии 1,5-2,0 кВт ва плитаҳои хӯрокпазӣ фаъол гардида, сарборӣ ба трансформатору васлакҳо (розетка) зиёд шуда, баъзан як шабонарӯз барқ хомӯш мегардад.
Энергияи электрикӣ – қувваи азим, аслиҳаи ниҳоят муҳиму асосии истеҳсолот мебошад. Дар кишвари собиқ шуравӣ қувваи электрикиро, асосан, дар заводу фабрикаҳои истеҳсолӣ, равшансозии хонаву биноҳо, хиёбону кӯчаҳо истифода мебурданд. Назорати давлатии истифодаи неруи барқ сахт буд. Иншооти маъмурию иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу кӯдакистон ва беморхонаҳо, 90 дарсад бо системаи интиқоли обию буғӣ гарм карда мешуданд. Имрӯз ҳам ҳамон рақамҳо, фақат акси ҳол, 90 дарсад неруи барқ барои гармкунии биноҳо сарф мешавад, яъне истифодаи фаровони бухориву печкаҳои электрикӣ, таҷҳизоти «зима-лето» ва ғайраю ҳоказо, ки дараҷаи самаранокиашон назди системаи шуравӣ пасттар аст.
Маннон МАХСУМОВ
Санаи нашр: 13.03.2023 №: 54