ФУТБОЛ
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 эълон шуд
Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ҳайати тими миллиро, ки ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили тимҳои миллии Урдун (6-уми июн, Аммон) ва Покистон (11-уми июн, Душанбе) омода мешавад, эълон кард.
Ба тими миллии кишвар 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд.
Ҷамъомади машқии дастаи мунтахаби кишвар аз 22-юми май то 2-юми июн дар Қатар мегузарад. 3-юми июн футболбозони мо барои бозӣ бо Урдун аз Доҳа ба Аммон парвоз мекунанд. Ин дидор рӯзи 6-уми июн доир мегардад.
Сипас, ҳайати тими миллии кишвар ба Душанбе бармегардад ва 11-уми июн бозии ниҳоии даври дуюми марҳалаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро муқобили тими миллии Покистон анҷом медиҳад.
Даври ҳафтуми
Чемпионати футболи Тоҷикистон доир гашт
Дар бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати мамлакат миёни дастаҳои Лигаи олӣ ду бозӣ мусовӣ шуда, дар се бозӣ тимҳои мизбон ва дар як дидор дастаи меҳмон ғалаба карданд.
Бозиҳо миёни дастаҳои “Панҷшер” – “Ҳосилот” ва КМВА – “Хуҷанд” бе гол анҷом ёфтанд (0:0). “Истаравшан” бар “Вахш” бо ҳисоби 2:1, “Равшан” бар “Кӯктош” бо ҳисоби 3:0, “Истиқлол” бар “Эсхата” бо ҳисоби 6:1 пирӯз шуда, “Барқчӣ” дар майдони худ аз тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт.
Пас аз натиҷагирии ҳафт давр, “Истиқлол”, ки бохт надорад, дар ҷои аввали ҷадвали Чемпионат мавқеъ дорад. КМВА бо 17 хол дар мақоми дуюм, “Регар-ТадАЗ” бо 14 хол дар зинаи сеюм ҷой доранд.
Бозиҳои даври ҳаштуми Лигаи олӣ 24-26-уми май баргузор хоҳанд шуд. “Эсхата” тими “Вахш”-ро қабул мекунад, “Кӯктош” бо “Истаравшан”, “Хуҷанд” бо “Равшан”, “Ҳосилот” бо КМВА ва “Регар-ТадАЗ” бо “Панҷшер” вомехӯранд.
САМБО
4 медали паҳлавонони ҷавони кишвар дар Чемпионати Осиё
Чемпионати Осиё ва Уқёнус оид ба самбо миёни ҷавонон дар шаҳри Актауи Қазоқистон доир гашт. Дар он варзишгарон аз 25 давлати қора ширкат карданд.
Тими мунтахаби самбои Тоҷикистон низ дар Чемпионат иштирок карда, ба гирифтани 4 медал – 1 тилло, 3 нуқра – даст ёфт. Медали тиллоро Сайраҳмон Қодиров дар вазни -71 кг сазовор гашт. Бобоҷон Қодиров (-58 кг), Муҳаммадҷон Саидзода (-64 кг) ва Мусохон Ғаниев (-88 кг) медали нуқра гирифтанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.05.2024 №: 94-95
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)