ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ”. ДАВРИ НИҲОИИ ДАЪВАТИ 23-ЮМИ ОЗМУНИ ҶАҲОНӢ ҶАМЪБАСТ ШУД

“ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ”. ДАВРИ НИҲОИИ ДАЪВАТИ 23-ЮМИ ОЗМУНИ ҶАҲОНӢ ҶАМЪБАСТ ШУД

23 май 2024, Панҷшанбе
11
0
16-уми май бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ даври ниҳоии даъвати 23-юми Озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” миёни донишҷӯён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хосса баргузор гардид. 
 
Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин, муовини сардори раёсати кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷӣ Ш. Абдураҳимзода, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Худойдодзода, муовини ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода оид ба робитаҳои байналмилалӣ А. Каримов, декани факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқи ДДОТ Н. Давлатов, намояндагони Сафорати ҶМЧ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷиян Венжао, Зен Сиенфа, раиси Палатаи савдои корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон Тан Ҷин, директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургӣ Рен Гентиен, намояндагони ширкатҳои чинӣ, омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд. 
Чорабиниро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Э. Насириддинзода оғоз ва дар бораи раванди рушду пешрафти фарҳангӣ изҳори андеша намуд. Зикр кард, ки забон ва фарҳанг ба ҳамдигар вобастагӣ доранд ва аз соли 2007 ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи илму маориф ба зинаи нави рушд расида, фаъолияти пурсамари Донишкадаи муштараки Конфутсий дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон далели равшани сатҳи баланди ҳамкориҳо дар соҳаҳои башардӯстона, маориф ва фарҳанг мебошад. Дар баробари ин, ӯ аз дастовардҳои донишҷӯён дар озмунҳои қаблии "Пули забони чинӣ" изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати баргузории Озмуни навбатӣ ба довталабон барору комёбӣ таманно кард.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин дар суханронии худ дар мавзуи равобити Чину Тоҷикистон ва ҳамкориҳои фарҳангии дуҷониба изҳори назар карда, довталабонро барои паси сар намудани ду даври қаблии пуррақобат ва роҳ ёфтан ба даври ниҳоии Озмун табрик гуфт. Ҳамчунин, онҳоро ба омӯзиш ва саъю талош барои пешрафт ташвиқ намуд, то ки забони чиниро хуб аз худ намуда, дар рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳо миёни Чину Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Пеш аз оғози Озмун дастаи санъаткорони “Роҳи абрешими Тоҷикистону Чин” дар якҷоягӣ бо ансамбли халқии “Наврӯз”-и ДМТ мусиқиҳои ҷаззоби тоҷикиву чиниро якҷо иҷро намуданд. Баъдан 8 нафар довталаб муаррифӣ гардида, Озмуни навбатӣ расман оғоз ёфт.
Даври якуми Озмун аз маъруза бо забони чинӣ ва намоиши истеъдод иборат буд. Дар бахши маъруза бо забони чинӣ довталабон бо истифода аз маҳорати баланди суханронӣ ва малакаи хуби донистани забони чинӣ фикру андешаҳои хешро дар мавзуи “Як ҷаҳон - як оила” баён намуданд. Дар бахши намоиши ҳунару истеъдод бошад, аз фарҳанги Чин сурудхонӣ, рақс, ғазалсароӣ ва ғайраро иҷро намуда, пас аз анҷоми даври аввал 6 нафар, ки холҳои зиёд ба даст оварданд, ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Даври дуюм “Бо ҷуръат ба пеш ҳаракат намудан” номгузорӣ шуда буд. Довталабон дар давоми 1 дақиқа ба 10 саволи марбут ба таърих ва фарҳанги Чин, ки дар шакли интихоби ҷавоб, муайян намудани дуруст ё хато ва пур кардани ҷойҳои холӣ пешниҳод шуда буд, посух доданд. Пас аз рақобати шадид, 4 нафар ба даври сеюм роҳ ёфт.
Дар даври сеюми Озмун, ки “Мушкилӣ дар тангкӯча” ном дошт, довталабон дар алоҳидагӣ аз 4 расми ноаён якеро тасодуфӣ интихоб намуда, давоми 30 сония омодагӣ диданд ва дар тули 1 дақиқаи дигар баромад намуданд. Пас аз анҷоми ин давр ду нафар довталаб ба даври чорум роҳхат гирифт.
Даври чоруми Озмун «Ҳаракат ба самти ғолибият» номгузорӣ шудааст, ки дар 2 шакл– шакли якум саволро гӯш карда, ба он посух гардондан, ки 5 хол дорад ва шакли дуюм саволи пӯшида мебошад, ки 10 хол дорад, ҷараён гирифт.  Ҳар дуи довталаб  шакли  дуюмро интихоб намуда,  вориди рақобат гардиданд. Дар ин давр қобилияти довталаб барои татбиқи ҳамаҷонибаи донишҳо, аз қабили донишҳои грамматикӣ, луғавӣ ва истилоҳот, инчунин, мулоҳизаҳои мантиқӣ ва доварии ҳамаҷониба санҷида шуд.
Ҳашт нафар иштирокчӣ баҳои баланди доваронро ба даст оварданд. Намояндаи аъзои ҳакамон Ҳусайн Асозода роҷеъ ба ҳунарнамоии довталабон баҳои баланд дода, ба талошҳои довталабон ҷиҳати омӯзиши забони чинӣ ва дарки фарҳанги Чин изҳори боварӣ намуда, қайд намуд, ки умедвор аст довталабони Озмуни имрӯза дар барои боз ҳам пурра аз худ намудани омӯзиши забон ва фарҳанги Чин саъю талош намуда, дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин саҳми арзанда мегузоранд. 
Ба ҷуз аз рақобати шадид, дар Озмуни навбатӣ, ҳамчунин, барномаҳои ҳунарии тоҷикиву чинӣ низ пешниҳод шуд. Дар ин миён намоиши театрии тағйири ниқоб, ки дар иҷрои омӯзгори Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ Сун Ронвей иҷро гардид, бениҳоят диққатҷалбкунанда буда, фазои саҳнаро ба шӯр овард ва бинандагонро водор намуд, ки беист каф бизананд.
Пас аз рақобати шадид дар 4 давр, ниҳоят донишҷӯи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ Шаҳриёр Ҷабборов ғолиб гашт. Донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Сардорбек Бобоҷонов ҷойи дуюм ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Фирӯзахон Азимова ва Озода Бердалиева ҷойи сеюмро мушарраф шуданд. Фирӯза Қурбонова ҷоизаи “Беҳтарин суханвар”, Аҳрор Ғаффоров ҷоизаи “Беҳтарин маъруфият”, Мадина Тошматова ҷоизаи “Беҳтарин намоиш” ва Шаҳзода Муродова ҷоизаи “Беҳтарин қобилият”-ро ба даст оварданд. Илова бар ин, наворҳои видеоии 15 нафар иштирокчии Озмун дар сомонаҳои интернетӣ ба намоиш гузошта шуд ва навори видеоии 3 нафар Сардорбек Бобоҷонов, Қобил Расулов ва Мирзоумар Умарзода соҳиби ҷоизаи “Маъруфият дар шабакаи интернет” гардиданд.
Озмуни навбатӣ дар даврҳои гуногун доир гашта, қобилияти забондонӣ, савияи дониш ва ҳунару истеъдоди донишҷӯёнро ҳамаҷониба имтиҳон намуд. Ҳамзамон, Озмуни мазкур фатонати забони чиниро барои бинандагон муаррифӣ сохт. Озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” барои донишҷӯёни тоҷик на танҳо саҳнаи муаррифии хештанро муҳайё месозад, балки дар мубодилаи ҳамкориҳои илмиву фарҳангии миёни Тоҷикистону Чин низ саҳми арзанда мегузорад.
 
Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ
Санаи нашр: 23.05.2024 №: 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив