ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ПАЁМИ ШОДБОШИИ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 23-юми майи соли 2024

ПАЁМИ ШОДБОШИИ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 23-юми майи соли 2024

24 май 2024, Ҷумъа
22
0
Ҷавонони сарбаланду саодатманди кишвар!
Ҳамаи шуморо, ки умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол дар кишварамон ҳамчун ҷашни наслҳои ояндасоз таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.
Дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори илмиву фарҳангии ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имкониятҳои фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда сафарбар намоянд.
Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози замони соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба рушди зеҳнӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҷисмонии ҷавонон эътибори аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, илму ҳунаромӯзӣ тарбия ёфтани ҷавонон, аз худ кардани техника ва технологияҳои муосир тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Боиси қаноатмандист, ки ҳоло ин талошҳо самараву натиҷаҳои назаррас дода истодаанд.
Солҳои охир ҷавонони мо ба илмомӯзӣ, азхудкунии донишҳои нав ва омӯхтани касбу ҳунарҳои замонавӣ бо шавқу завқи бештар рӯй овардаанд, ки ин, албатта, падидаи неку умедворкунанда мебошад.
Илова ба садҳо ҳазор ҷавононе, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии дохили кишвар таҳсил карда истодаанд, беш аз 40 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ҳоло дар беҳтарин мактабҳои олии хориҷӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва баъди хатми таҳсил барои пешрафту ободии Ватани худ саҳм хоҳанд гузошт. Вақт собит сохта истодааст, ки касе илму дониш ва касбу ҳунар дорад, забонҳои хориҷиро медонад, дар зиндагӣ ҳаргиз хор намегардад ва ба касе муҳтоҷ намешавад. 
Ба ин хотир, Ҳукумати мамлакат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, ки наслҳои ҷавони кишвар донишманду босавод, соҳиби касбу ҳунар ва соҳибмаърифату тарбиядида ба камол расонида шаванд.
Ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи  доноӣ  китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун баланд бардоштани сатҳи  саводнокиву  маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.
Мо дар солҳои охир шоҳиди он гардида истодаем, ки ин озмунҳо ба рушду инкишофи ҳаматарафаи ҷавонону наврасон таъсири амиқ расонида, аз миёни наврасону ҷавонон чеҳраҳои илмдӯсту маърифатпарвар ва навовару ихтироъкор ба воя расида истодаанд. 
Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб кардани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст. 
Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳу ғамхориҳост, ки солҳои охир ҷавонони варзишгари мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои хуби варзишӣ ноил гардида, шараф ва обрӯи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта истодаанд.
Мо ифтихор дорем, ки имрӯз ҷавонони далеру ғаюри мо, яъне насли замони истиқлол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии хешро сарбаландона иҷро мекунанд, масъулияти ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро ба дӯш доранд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро самимона дӯст медоранд ва барои пойдории ин арзишҳои ҷовидонӣ саъю талош мекунанд.
Ҷавонони мо ҳоло дар ҳамаи соҳаву бахшҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа фаъолона иштирок мекунанд, дар бузургтарин сохтмонҳои мамлакат ва ба хотири ободии Ватан саҳми бисёр арзишманд мегузоранд.
Бо дарназардошти ҳамаи хизматҳое, ки шумо – фарзандони азиз – барои Ватан ва давлати соҳибистиқлоли худ анҷом дода истодаед, ба ҳар яки шумо муроҷиат мекунам, ки аз давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва аз тоҷик будани худ ҳамеша ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони некноми мо дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузоштаанд.
Шумо – ҷавонони азиз – бояд роҳи гузаштагони пурифтихорамонро бо омӯзиш ва аз худ кардани илмҳои замона идома дода, барои пешрафти Ватани аҷдодӣ талош варзед, зеро шумо меросбарони суннату анъанаҳои чандинҳазорсолаи халқамон ва давомдиҳандагони корномаи садҳо ва ҳазорҳо фарзандони фарзонаву фидокори он ҳастед.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузи обрӯи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва давлатдории навини тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба шумо тансиҳатӣ, иқболи баланд, саодати рӯзгор  ва дар фаъолияти садоқатмандонаатон ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистон комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.
Рӯзи ҷавонони кишвар муборак!
 
Санаи нашр: 24.05.2024 №: 97
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив