ИЗҲОРОТИ МАТБУОТӢ аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, шаҳри Боку, 23-юми майи соли 2024
Ташаккур, Илҳом Ҳайдаровичи муҳтарам.
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, хонумҳо ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, дӯсту бародари азизам Илҳом Ҳайдарович Алиев ва мардуми бародари Озарбойҷон барои меҳмоннавозии анъанавӣ, таваҷҷуҳи хос ва истиқболи гарм сидқан изҳори сипос намоям.
Аз ташрифи навбатӣ ба шаҳри зебову куҳантаърихи Боку, ки имрӯз яке аз марказҳои бузурги саноативу иқтисодӣ ва илмию техникии минтақа мебошад, хеле шодам. Симои нотакрори пойтахти Озарбойҷон раванди рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва афзоиши накуаҳволии мардуми онро таҷассум менамояд.
Мулоқотҳои имрӯзаи мо дар фазои созанда ва эътимод, ки хоси муносибатҳои дӯстиву ҳамкории байни Тоҷикистону Озарбойҷон мебошад, сурат гирифтанд. Дар ҷараёни музокирот мо тамоми маҷмуи муносибатҳои ду кишварро ба таври муфассал мавриди муҳокима қарор додем. Ба як силсила мувофиқаҳои муҳим даст ёфтем, ки заминаи бунёдии густариши дарозмуддати онҳоро ба таври назаррас таҳким мебахшанд.
Тавре ки Илҳом Ҳайдаровичи муҳтарам зикр намуданд, имрӯз мо қарори таърихӣ қабул кардем, ки муносибатҳои байнидавлатии моро то ба сатҳи шарикии стратегӣ мебардорад. Қарори мазкур, бешубҳа, дар таърихи ҳамкории мо саҳифаи наверо боз мекунад.
Аз ҷониби худ мехоҳам аҳамияти дастгирии муколамаи мунтазами сиёсиро дар ҳамаи сатҳҳо зикр намоям.
Дар Тоҷикистон саҳми шахсии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои мо баланд арзёбӣ мегардад.
Ҳангоми мулоқот ба масъалаҳои татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки соли гузашта дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон ба даст омаданд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор доштанд. Ба ҳукуматҳои кишварҳоямон супориш дода шуд, ки татбиқи комили Барномаи байниҳукуматии чорабиниҳо оид ба ҳамкории иқтисодӣ то соли 2025-ро ҷиддан зери назорат гиранд.
Бо мақсади ба таври боз ҳам самаранок ба роҳ мондани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ мо пешниҳод намудем, ки сатҳи ҳамраисони он то мақоми ҷонишинҳои сарвазирон бардошта шавад. Инчунин, атрофи масъалаи мусоидат ба рушди муколамаи байнипарламентӣ мубодилаи афкор намудем.
Зимни музокирот мо бори дигар омодагии худро ҷиҳати ба таври афзалиятнок дида баромадани имконияти иштироки ширкатҳои озарбойҷонӣ ва муассисаҳои молиявии марбут ба татбиқи лоиҳаву барномаҳо дар Тоҷикистон таъкид намудем.
Ҳамоиши тиҷоратие, ки дар доираи сафари мо дар Боку баргузор гардид, нишон дод, ки ҷонибҳо барои тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодии худ имкониятҳои васеъ доранд. Изҳори умед менамоям, ки натиҷаи он, дар баробари санадҳои дуҷонибаи имрӯз баимзорасида, ба ҳамкории мо дар ин самт такони тоза хоҳанд бахшид.
Қобили зикр аст, ки маблағи умумии қарордодҳо ва шартномаҳои тиҷоратии дар доираи ҳамоиш баимзорасида, дар маҷмуъ, беш аз 700 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ба мақсади афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол байни кишварҳоямон ба вазорату идораҳои соҳавӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати тавсеаи номгӯи молҳои ба таври мутақобил интиқолёбанда чораҳои мушаххас андешанд.
Дар ҷараёни мулоқот ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Мо аз имзои Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ истиқбол намудем. Дар ин замина, аз ҷумла ба идораҳои соҳавӣ супориш дода шуд, ки доир ба таҷдиди алоқаи ҳавоии мустақими байни кишварҳоямон чораҳо андешанд.
Таваҷҷуҳи ҷудогона ба соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия зоҳир карда шуд.
Мо бо қаноатмандӣ тамоюли афзоиш ёфтани ҳаҷми боркашонии сохторҳои давлативу тиҷоратии Тоҷикистонро тавассути қаламрави Озарбойҷон зикр намудем. Ба ҷониби озарбойҷонӣ ҷиҳати ба боркашонҳои тоҷик додани имтиёзоти тарифӣ изҳори миннатдорӣ намудем.
Масъалаи вобаста ба ҳамкории фарҳангиву башардӯстона дар музокироти мо ҷойгоҳи махсус дошт. Дар ин зимн, мо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф таваҷҷуҳ намудем.
Ба мувофиқа расидем, ки шумораи бурсияҳоеро, ки барои таҳсил дар макотиби олии ду кишвар аз ду ҷониб ҷудо мешаванд, афзоиш диҳем.
Чорабиниҳои фарҳангӣ, ки дар доираи сафар баргузор гардиданд, бори дигар майлу рағбати шаҳрвандони кишварҳоямонро ба шиносоӣ бо дастовардҳои фарҳангии якдигар тасдиқ намуданд. Мо ба дӯстонамон пешниҳод кардем, ки соли оянда дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон ва дар ҳошияи ин чорабинӣ Фестивали дӯстии мардумони ду кишвар доир гардад.
Дар рафти музокирот хавфу хатарҳои амниятӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Аз ҷониби худ зикр карданиам, ки авзои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳон ҳамоно мураккабу пуршиддат боқӣ мемонад. Бо истифода аз фурсат мехоҳам таъкид намоям, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи ихтилофоту низоъҳо танҳо бо роҳҳои мусолиматомез мебошад.
Мо аз сатҳу муҳтавои ҳамкории самарабахш бо Озарбойҷон дар арсаи амниятӣ изҳори қаноатмандӣ менамоем. Дар ин замина, мо ба мубориза бо терроризм ва экстремизм, зуҳуроти тундгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва қочоқи маводи мухаддир, таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоем. Мо зарур мешуморем, ки ҳамоҳангии кори хадамоти махсус ва дигар идораҳои соҳавӣ дар ин самт тақвият бахшида шавад.
Аз идомаи амалияи дастгирии ташаббусҳои ҳамдигар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷонибдорӣ намудем.
Мо аз мизбонии Озарбойҷон дар соли равон аз иҷлоси навбатии Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-29) истиқбол менамоем.
Мехоҳам таъкид намоям, ки мо ба дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон назари нек дорем.
Дар фарҷом бори дигар ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович ва ба мардуми бародари Озарбойҷон ҷиҳати пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии бародарона миннатдории хешро изҳор менамоям.
Ҳамчунин, мехоҳам таъкид намоям, ки ман бо мақсади идомаи муколамаи созандаи мо бо камоли майл дӯст ва бародари гиромиам Илҳом Ҳайдарович Алиевро ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват кардам.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
Санаи нашр: 24.05.2024 №: 97
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)