АНҶОМИ САФАРИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН
23-юми май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 22-23-юми май ҷараён дошт, ба анҷом расид.
Зимни сафари давлатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олии ин кишвар мулоқот карда, аз рӯйи натиҷаҳои музокирот 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Рӯйдоди муҳими таърихии ин сафар аз ҷониби сарварони давлатҳо ба имзо расидани Эъломия дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Ҳайдар Алиев меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Озарбойҷон самимона гусел намуданд.
Нимаи дуюми рӯзи 23-юми май Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Боку ба Ватан баргаштанд.
Санаи нашр: 24.05.2024 №: 97
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)