МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО Ю ДОНГСУ
24-уми май дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ю Донгсуро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ гардиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Ҷонибҳо аз ҳолати феълии робитаҳои Тоҷикистону Корея изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҳангоми вохӯрӣ рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои муҳими сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима гардид. Таъкид шуд, ки бунёди корхонаи истеҳсоли зарфҳо ва панелҳои офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, ки имрӯз барои сохтмонаш санги асос гузошта шуд, оғозбахши марҳалаи нави рушди ҳамкорӣ хоҳад гардид. Зимни вохӯрӣ, инчунин, масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)