ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ. МАРҲИЛАИ РУШД КАЙ ОҒОЗ МЕГАРДАД?!

МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ. МАРҲИЛАИ РУШД КАЙ ОҒОЗ МЕГАРДАД?!

13 март 2023, Душанбе
100
0

 Дар шароити рушди технология, васоити электронии ахбор ва дар фазои иттилоотии кишвар доман густурдани интернет вазъи матбуоти даврӣ, хосса матбуоти музофотӣ ва ғайридавлатӣ, боиси нигаронист. Аз тарафи дигар, бо таъсири омилҳои молӣ ин гурӯҳи нашрияҳо дар ҳолати буҳрон қарор дошта, нашрияҳои музофотӣ имкони сари вақт ва бо теъдоди зиёд чоп шуданро надоранд, мазмуну мундариҷаашон нисбатан якранг аст.
Натиҷаи омӯзишҳои сотсиологии матбуоти маҳаллии кишвар нишон дод, ки вазъи нашрияҳои даврӣ дар музофот чандон хуб нест. Ин гурӯҳи матбуоти даврӣ ба мушкилоти якхела мубтало гардидааст. Аксари нашрияҳо бо сифати хеле паст ва ғайримунтазам интишор мешаванд, ахборашон куҳна ва мундариҷаашон чандон рангоранг нест, дар инъикоси мавзуъҳо ва чопи нашрияҳо ҳанӯз қолабҳои куҳна дунболагир мешаванд. Дар солҳои охир фосилаи чоп ва теъдоди нашри рӯзномаҳои маҳаллӣ рӯ ба коҳиш аст, аксари онҳо, дар баробари он ки сари вақт дарҷ намегарданд, чопи шумораҳои муштаракро ба анъана даровардаанд. Иллати ин ҳолати матбуоти маҳаллӣ ҷудо нашудани маблағи зарурӣ, таъмин набудан бо технологияи нави чопӣ, камии маоши кормандон, нарасидани мутахассисон, алоқаи ноустувор бо аудитория ва монанди инҳо мебошад. Дар баъзе навоҳии кишвар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба кори нашрияҳои худӣ чандон эътибор намедиҳанд, дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ кормандони идораи нашрияҳоро хабар намекунанд, дар ҷаласаҳои худ фаъолияти онҳоро мавриди баррасӣ қарор намедиҳанд.
Дар замони рушди воситаҳои электронии ахбор матбуоти даврӣ, аз ҷумла матбуоти даврии маҳаллӣ, бояд усули кор ва таъиноти худро дигар кунад. Ба иборае, сохтор ва фаъолияти он бояд ба талаботи замон мувофиқ шавад. Омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди нашрияҳои маҳаллӣ танҳо ба хотири «будан» вуҷуд доранд ва  матолибашон нисбатан якранг, баъзан бознашр аз рӯзномаҳои марказӣ аст. Нашрияи даврии ҳар маҳал, пеш аз ҳама, инъикоскунандаи ҳаёти ҳамон маҳал аст. Он бояд мувафаққиятҳоро тарғиб ва камбудиҳоро холисона танқид кунад, афроди барҷастаи кору пайкорро ба мардум муаррифӣ намояд, меҳнати ҳалол ва кӯшишҳои созандагиашонро тараннум созад. Ба ин васила матбуот метавонад ҳамчун пули маънавӣ, аз як тараф, дар ташаккули фазои иттилоотии маҳали муайян, аз тарафи дигар, дар атрофи ғояи мушаххас муттаҳид гардондани мардум ва ба татбиқи сиёсати давлату ҳукумат мусоидат кунад. 
Хуб аст, ки Ҳукумати кишвар дуруст дарк намуда, ки дар замони муосир фарҳанги дастрасии иттилоот ва омӯзишу коркарди он ба шеваи навини талаботи рӯз мубтало аст, зеро имрӯз ҷаҳон дар ҳар як лаҳза таҳти таъсири иттилоот қарор гирифта, дигаргунии ҷомеа ба он вобастагӣ ва рабти амиқ дорад. Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки ҳокимиятҳои иҷроияи маҳаллӣ ячейкаи асосии рушди давлат ба ҳисоб мераванд. Махсусан дар шароити ҷаҳонишавии мураккаб ташвиқ ва тарғиб дар фазои як маҳал бо назардошти махсусиятҳову нозукиҳои худ таъсири амиқтару фавритар ва натиҷабахштар мегузорад. Ин заминаҳоро дар ҷомеаи имрӯзаи мо, пеш аз ҳама, соҳибистиқлолӣ, фазои рушдбахшандаи тамоми омилҳои алоқаву иттилоот ва қонунҳову василаҳои мусоидаткунандаи рушди ин соҳа ба вуҷуд овардааст. Вобаста ба ин барои рушди матбуоти даврии маҳаллӣ ҳалли чунин омилҳоро зарур меҳисобем: бунёди коргоҳи замонавӣ барои кулли идораҳои нашрияҳои даврии навоҳии кишвар ё ҳадди ақал таҷдиди замонавии биноҳои мавҷуда, ки дар ҳолати ногувор қарор доранд; таъмини идораҳои нашрияҳои даврӣ бо таҷҳизоти нави корӣ, техникаи касбӣ ва ҳамчунин, нақлиёти хизматӣ; бо дастгирии ҳокимиятҳои маҳаллӣ ҷудо намудани маблағи кофӣ барои таҳия ва чопи рӯзнома; барқарор кардани ҳаққи қалами муаллифон; паҳнсозии нашрияҳо бо роҳи обуна ва фурӯши чакана. 
Ба раванди ислоҳоти матбуоти маҳаллии кишвар дахл кардани Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад суръати хос бахшад, зеро сарфи назар аз мавҷудияти матбуоти марказӣ ва, умуман дигар василаҳои иттилоотӣ, дар музофоту минтақаҳо холигоҳи иттилоотӣ вуҷуд дорад, ки он танҳо бо рушди ВАО-и маҳаллӣ пур шуда метавонад. 
Гумон мекунем, то замоне, ки рӯзномахонӣ ба унвони як ниёз зарурат пайдо накунад, наметавон аз мавриди истиқболи ҳамагон қарор гирифтани нашрияҳои даврӣ интизорӣ кашид. Бинобар ин, мо бояд роҳҳоеро ҷӯё шавем, ки зарурат ва аҳамияти рӯзнома миёни омма бештару беҳтар дарк шавад.

А. ҚУТБИДДИНОВ, доктори илмҳои филология, дотсент

Санаи нашр: 13.03.2023 №: 54
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив