АЛИРИЗО ҲАҚИҚИЁН: «ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН ДАР КАНОРИ ҲАМ УСТУВОРАНД»
- Лозим медонам аз тарафи давлат ва мардуми кишварам изҳори ташаккур ва қадрдонии худро аз мақомоти олимақоми Тоҷикистон, махсусан Президенти муҳтарам Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, ба хотири ибрози ҳамдардӣ ва таслият бо давлат ва мардуми Эрон бобати шаҳодати Оятуллоҳ Раисӣ, Президенти фақиди Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби Амирабдуллоҳиён, вазири муҳтарами корҳои хориҷӣ ва ҳайати ҳамроҳро эълом намоям.
Ин матлабро сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён чанде пеш дар ҷамъи хабарнигорон баён дошт. Ӯ афзуд, ки мақомот ва мардуми Тоҷикистон аз қишрҳои гуногуни мардуми одӣ, фарҳехтагон, олимон, шахсиятҳои илмӣ, фарҳангӣ нависандагон, адибону шуаро, ҳунармандон, варзишгарон бо ирсоли паём, сурудани шеър, дилнавишта, фаъолият дар шабакаҳои маҷозии иҷтимоӣ, ирсоли шохаи гул ё ҳузур дар Сафорат ва имзои «Дафтари ёдбуди шуҳадо» изҳори таслияту ҳамдардии худро бо ҳамзабонону хешовандони эронии худ нишон доданд. Ин вазъият бори дигар ба ҷаҳониён нишон дод, ки мардуми Эрону Тоҷикистон дар ғаму шодии ҳамдигар шарик ҳастанд ва дар шароити сахт канори ҳам устувор истодаанд.
- Сайид Иброҳими Раисӣ бо мардуми Тоҷикистон бисёр алоқаманд буд ва бо оғози кори давлатии эшон муносиботи ду кишвар дар масири нави рушд қарор гирифт. Ба гунае, ки Ҷаноби Раисӣ дар вазифаи президентӣ, аввалин сафари расмии хориҷ аз кишвари худро ба Тоҷикистон анҷом дод. Муҷаддан, чанде баъд низ бо дувумин сафар ба Тоҷикистон омад ва он ҷумлаи таърихӣ, ки: «Пешрафт ва амнияти Тоҷикистон, пешрафт ва амнияти Эрон аст»-ро ошкоро ба дунё эълом кард, - изҳор дошт Алиризо Ҳақиқиён.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ёдовар шуд, ки дар давраи раёсати Сайид Иброҳим Раисӣ байни президентони ду кишвар 5 дидору мулоқот дар фазои дӯстона, бародаронаву самимӣ баргузор гардид. Дар се соли гузашта миёни ду давлат 50 санади муҳими ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, махсусан ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва илмӣ, тасвиб шуданд. Ҳаҷми робитаҳои иқтисодӣ аз ҳудуди 60 миллион ба беш аз 320 миллион доллари ИМА расида, бо барқарории 4 парвози мустақим дар ҳафта байни Тоҷикистону Эрон рафтуомади сайёҳон ва ду халқи ҳамзабону бародар ба сурати чашмгир афзоиш ёфт.
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 29.05.2024 №: 100
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)