ДДОТ. ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар баробари тарбияи насли ояндасоз дар самти тайёр намудани олимони ҷавон низ нақши муассир мегузорад. Сардори шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгории Донишгоҳ Фаридун Кенҷаев зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карданд. Дар робита ба ин, бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳ ва бо иштироки олимону муҳаққиқон ва мутахассисони соҳа конференсияҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ташкил ва баргузор мешаванд.
Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Асри XXI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Имрӯз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба рушди омӯзиш ва тақвияти ҳамкорӣ дар самти илму таҳқиқот бо муассисаҳои олии кишварҳои хориҷа таваҷҷуҳ зоҳир карда, робитаҳои байналмилалии худро дар ин самт густариш дода истодааст. Тавре Фариддун Кенҷаев зикр намуд, имрӯз Донишгоҳ бо 117 муассисаи илмиву тадқиқотӣ ва фарҳангии 20 кишвари хориҷ ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар ин замина, соли ҷорӣ 25 донишҷӯи Донишгоҳ ба мактабҳои гуногуни олии кишварҳои Беларус, Қазоқистон ва Чин сафар намуда, сатҳи дониши худро беҳтар намуданд. Устодон низ ба кишварҳое, ки ҳамкориҳо роҳандозӣ шудаанд, сафарбар гардида, бо раванди таълим ва, ҳамчунин, методҳои муосири таълим маълумоти зарурӣ гирифта, малакаи худро такмил медиҳанд.
Бо дарназардошти пешрафти рӯзафзуни илму техника дар ҷомеа, раванди дигари ислоҳоти соҳаи илму маориф пеш меояд, ки аз омӯзиши донишҳои муосир, азхудкунии фанҳои дақиқ, ихтироъкориву навоварӣ, азхудкунии технологияи инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва рушди тафаккури техникӣ, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, мутобиқ кардани нақшаву барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот, бо усулҳои инноватсионӣ ба роҳ мондани пажӯҳишҳои илмӣ иборат аст. Аз худ кардани илмҳои дақиқ боиси рушди тафаккури мантиқӣ, устувор шудани ҳиссиёти ақлонию эҷодӣ, пайдо шудани қобилияти омӯзиш, зеҳни қавӣ, васеъ шудани ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён мегардад. Ин аст, ки имрӯз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ илмҳои замони муосирро аз бар намуда, дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷоизаҳо мегарданд.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.05.2024 №: 100
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)