ҶУДО. ШАШ РОҲХАТ БА БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024
Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) мусобиқаҳои давраи олимпиро ҷамъбаст карда, радабандии ниҳоии варзишгаронро нашр намуд.
Дар асоси радабандӣ, 6 варзишгари мо имкони иштирок дар 33-юм Бозиҳои олимпӣ дар Парижро пайдо намуд. Тибқи низомнома, дар ҳар вазн (14 вазн) 17-гонаи аввали радабандӣ, бо дарназардошти як варзишгар аз як кумитаи олимпӣ, инчунин, 100 нафар аз тариқи радабандии қораҳо (20 роҳхат барои ҳар қора) соҳиби роҳхати олимпӣ шуданд.
Бори аввал дар таърихи ҷудои кишвар 6 варзишгар дар Бозиҳои олимпӣ ширкат мекунад: Темур Раҳимов (ҷойи сеюм дар вазни +100 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (ҷойи 7-ум дар вазни -66 кг), Сомон Маҳмадбеков (ҷойи 8-ум дар вазни -81 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (ҷойи 11-ум дар вазни -73 кг), Комроншоҳ Устопириён (ҷойи 20-ум дар вазни -90 кг) ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҷойи 31-ум дар вазни -60 кг, аз ҳисоби қораи Осиё).
Ҳамин тавр, шумораи роҳхати олимпии варзишгарони Тоҷикистон ба 11 расид. Қаблан, Миҷгона Самадова, Баҳодур Усмонов, Давлат Болтаев (бокс), Мунира Абдусаломова (таеквондо), Виктор Рассадин (гӯштии озод) ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпиро пайдо карда буданд. Боксёрҳоямон имкони дарёфти роҳхатҳои дигарро доранд. Охирин мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи бокс имрӯзҳо дар Бангкок (Тайланд) ҷараён дорад, ки дар он нуҳ тоҷикистонӣ ширкат дорад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 31.05.2024 №: 103
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)