РОҒУН. КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ВУСЪАТ МЕГИРАНД
Имрӯзҳо барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Роғун корҳои сохтмонию навсозӣ бомаром идома доранд. Роғун чун дигар шаҳру навоҳии кишвар зери сиёсати хирадмандона ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои сокинони шарафмандаш, намои тоза касб карда, сол ба сол тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи он ривоҷу равнақ пайдо менамоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия кард, ки тибқи он, беш аз 100 иншоот бунёду навсозӣ мегардад. Лоиқи зикр аст, ки то ин вақт 33 иншоот бо таъсиси 100 ҷои нави кор мавриди истифодабарӣ қарор гирифт, ки ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг тааллуқ доранд.
Тавре раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома зикр кард, имрӯз мардуми меҳнаткаши шаҳри Роғун ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, бо азму иродаи қавӣ барои пешрафти кишвари азизамон пайваста заҳмат мекашанд. Ҳамин аст, ки шаҳр сол ба сол ободу зеботар ва зиндагии сокинони он беш аз пеш беҳтар мегардад.
Ба иттилои Сунъатулло Саидзода, имрӯзҳо соҳибкорони маҳаллӣ дар корҳои ободонӣ саҳми шоиста мегузоранд. Аз ҷумла, бо ташаббуси соҳибкор Шерзод Давлатзода, дар шаҳраки Обигарм хобгоҳи интернати наздимактабии шаҳри Роғун мавриди истифода қарор гирифт.
Хобгоҳи мазкур ба маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ барои 112 тарбиятгиранда сохта шуда, аз ду ошёна иборат мебошад. Хобгоҳ дорои 14 ҳуҷраи хоб, ду синфхона, китобхона бо толори китобхонӣ, ошхона барои 60 нафар, толори варзиш, чор маҷлисгоҳ бо 140 ҷои нишаст, майдончаи варзиш бо тамоми таҷҳизотҳояш мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки айни замон бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо, дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои он корҳои таъмиру навсозии 53 иншоот ҷараён дошта, шаҳр беш аз пеш ободтару зеботар мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун минбаъд низ тамоми имкониятҳо ва саъю кӯшиши худро барои татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбар намуда, соли 2024-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст менамояд,– гуфт дар хотима раиси шаҳр Сунъатулло Саидзода.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)