ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. СУҲБАТИ ИХТИСОСӢ АТРОФИ МАВЗУИ МУБРАМ

МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. СУҲБАТИ ИХТИСОСӢ АТРОФИ МАВЗУИ МУБРАМ

31 май 2024, Ҷумъа
47
0
 
Танзими бозори меҳнат, раванди муҳоҷират, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, таълими касбии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар кишвар шумораи аҳолии қобили меҳнат мунтазам рӯ ба афзоиш дошта, дар панҷ соли охир 8,4 дарсад зиёд гардид.  Инчунин, суръати афзоиши аҳолӣ нисбат ба суръати афзоиши қувваи корӣ 2,5 баробар зиёд мебошад. Бинобар ин, ҷиҳати қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба шуғл зарур аст, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 ҳазор ҷойи кори нав таъсис ёбад.


Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (28-уми декабри соли 2023) таъкид намуданд: «...Ташкили ҷойҳои кории нав бо музди меҳнати муносиб дар дохили кишвар ва омӯзондани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзондани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардондани аҳолии мамлакат ва ҳарчи бештар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат мебошад».
Тибқи маълумотҳои Хадамоти муҳоҷират, тайи се моҳи соли равон аз ҷумҳурӣ беш аз 190 ҳазор шаҳрванди кишвар барои дарёфти ҷойи кор ба хориҷи кишвар сафар кардааст. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа 74 486 нафар ё ин ки 28 дарсад коҳиш ёфтааст. Аз муҳоҷирони ба хориҷа сафаркарда беш аз 180 ҳазор кас ба Федератсияи Россия рост меояд.  Масъалаи коҳиш ёфтани муҳоҷирати меҳнатиро мутахассисони соҳа дар дохили ҷумҳурӣ гуногун арзёбӣ менамоянд.
Аз ҷумла, Иматшо Нодирзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома дар ин бора чунин гуфт:
– Муҳоҷират раванди пешгӯина-шаванда буда, ба он омилҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъсир мерасонанд. Илова бар ин, муҳоҷират дар Тоҷикистон раванди мавсимист. Ба таври назаррас кам гардидани шумораи муҳоҷирони ба хориҷа сафаркарда чанд омил дошта метавонад. Якум, дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин гардидани онҳо. Дуюм, омодагӣ барои ба дигар кишварҳо (ба ғайр аз Федератсияи Россия) сафарбар шудан.  Сеюм, бо маблағи дар муҳоҷират бадастомада ташкил кардани манбаъҳои даромад ва дар дохили кишвар ба роҳ мондани соҳибкории хурду миёна. Инчунин, пӯшида нест, ки вазъи сиёсӣ ва муборизаҳои дохилидавлатии ҷонибҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳаракати қувваи кориро то андозае маҳдуд медорад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои дигар – ба фиреби баъзе корфармоҳои қаллоб гирифтор шудан ва аз ҳаққи меҳнати худ бенасиб мондани муҳоҷирон низ метавонад сабаби коҳиши муҳоҷират гардад. Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия соли 2023 беш аз 244,6 миллион ва семоҳаи авввали соли равон 8 042 238 рубл музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон, аз корфармоён ва шахсони воқеӣ рӯёнда шуд. 
Бо вуҷуди ин, ба таҳлили мутахассисон, аксари маврид муҳоҷирон барои беҳбуди кори худ ба Вазорат ё ниҳодҳои дахлдор муроҷиат намекунанд ва аз будани сохторҳои дахлдор ба таври бояду шояд ҳанӯз воқиф нестанд. Дар натиҷа, бештари нафароне, ки рӯ ба муҳоҷират меоранд, аз надоштани касб ва шуғли асосӣ ба корҳои вазнини ҷисмонӣ ё дигар фаъолияти музднок машғул мешаванд.
Оид ба донистани забони давлати қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби мо курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва кореягӣ  ройгон ба роҳ монда шудааст, ки хоҳишмандони зиёде ба омӯзиш машғуланд. Аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират мунтазам вохӯриҳо бо аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан дар ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қонунгузориҳои давлатҳои қабулкунанда, донистани забон, фарҳанг, таърих, расму ойин, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ гузаронда мешаванд.     
Дар марҳалае, ки муҳоҷирати корӣ дар ҷаҳон ба масъалаи нигаронкунанда табдил ёфтааст, коҳиши ин раванд аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар кишвар ҷойҳои зиёди корӣ таъсис меёбанд. Бо тасдиқи ин гуфтаҳо Қиёмиддин Давлатзода, муовини вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, иброз дошт, ки танҳо соли 2024 дар ҷумҳурӣ муҳайё намудани қариб 250 ҳазор ҷойи нави кор дар назар аст.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 31.05.2024 №: 103
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив