ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "РОҒУН". АЗ ДАФТАРИ ЖУРНАЛИСТ

"РОҒУН". АЗ ДАФТАРИ ЖУРНАЛИСТ

03 июн 2024, Душанбе
26
0
 
Бовар кунед, 16-уми ноябри соли 2018, вақте чархаи якуми НБО “Роғун” ба кор дароварда шуд ва ин воқеаи таърихиро тавассути телевизион намоиш доданд, аз хурсандӣ ашк рехтам. Он рӯз ба тантанаи умумимиллӣ табдил ёфт. Дар ин маросим даҳҳо ҳазор кас ҷамъ омада буданд. Рӯзноманигорон аз Россия, ИМА, Япония, Олмон, Чин, Покистону дигар мамолик, ки дар он ҷо иштирок доштанд, овозаи “Кохи нур”-ро дар олам паҳн карданд. Ин рӯйдод дар таърихи навини Тоҷикистон бо хатҳои заррин сабт гардид. 
 
Рӯйдодҳои муҳими шаҳри Роғун ва сохтмони Неругоҳ, хусусан сафарҳои пайдарпайи Сардори давлат бо мақсади авҷ гирифтани корҳо, пеш аз ҳама, руҳбаланд гардондани бунёдкорони “Роғун” дар дафтари қайдҳои журналистии банда дар қисмати “Солномаи Роғун” сабт шудаанд. Ҳар дафъаи дидан ё шунидани корнамоиҳои бунёдгарони “Роғун”  ба гӯши як-ду нафари паҳлуям бо ифтихор мерасонам: “Дар ин кор ҳиссаи мо ҳам ҳаст”. Чаро чунин набошад, ки чанд даҳсола пеш, ҳини барҷо будани Иттиҳоди Шуравӣ, вақте НБО “Роғун” сохтмони азими умумииттифоқӣ буду намояндагони 30 миллати ИҶШС-ро дар бар мегирифт ва бунёдкориҳо дар авҷи аъло идома меёфтанд, мо – рӯзноманигорони Файзобод, барои инъикоси қаҳрамониҳои бунёдкунандагони ин сохтмони аср (он вақт матбуот ҳамин тавр менавишт), ҳар моҳ камаш як бор ба Обигарм сафар мекардем. Ҳар дафъа навигарие, корнамоиро медидем. Он замон Роғун ҳарчанд шаҳр ном гирифта буд, дар ҳайати ноҳияи Файзобод қарор дошт. Аввалин сардори раёсати сохтмон (“Роғунгесстрой”) Виктор Василевич Ненахов, сармуҳандис Евгений Павлович Карпов оид ба рафти сохтмон маълумот дода, бо дилпурии том мегуфтанд, ки чархаи аввалини “Роғун” дар вақти ваъдагӣ, яъне охири соли 1989, ба додани барқ оғоз мекунад. Инро бо боварии комил, бо муҳаббати ватандӯстона ба забон меоварданд. Бояд ёдовар шуд, ки то соли 1988 муҳимтарин корҳо ба анҷом расида буданд, аз ҷумла сохтмони дарғот ба ҳадди 40 метр расида, 21 километр нақб канда шуда буд. Ҳатто, ду гидротрубина ҳам оварда буданд. Иттиҳоди Шуравӣ пош хӯрду маблағгузорӣ қатъ гардид. “Роғун” аз назарҳо дур монд. Боронҳои аввали моҳи майи соли 1993 сарбанд ва қисме аз нақбҳои тайёрро хароб карданд.  
Вақте Тоҷикистон истиқлоли давлатӣ ба даст оварду роҳбари оқил пайдо кард, эҳёи дубораи Неругоҳ ба миён омад. Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Русал”-и Россия шартнома ба имзо расид. Роҳбари “Русал” Олег Владимирович Дерипаска масъала гузошт, ки дарғот 100 метр паст карда шавад. Шарти гузоштаи “Русал” қабул нашуд ва шартномаи баимзорасида бекор гардид. Роҳбари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ду карат сафар кардан ба шаҳри Роғун (30-юми майи соли 2008 ва 28-уми октябри соли 2009) ва омӯхтани ҳолати воқеӣ бо иродаи қавӣ эълон кард, ки “Роғун”-ро худамон месозем! Ҳамин тавр, азми Сардори давлат ҷомаи амал пӯшид: соли 2010 бунёди НБО “Роғун” аз нав шуруъ гардид. 
Рафти сохтмони имрӯзаи “Роғун” касро ба ваҷд меорад. Айни замон қариб 15 ҳазор нафар коргарони гуногунихтисос шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд, то Неругоҳ фосила ба фосила то соли 2029 пурра ба кор дарояд. Манзараи умумии бунёдкориро дар Неругоҳ, аз шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ, аз баландии назди чашмаи Хунукак мушоҳида кардан мумкин. Дар он тарафи дарё даҳҳо техникаҳо дар ҳаракатанд. Аз рӯи маълумоти муовини директори истеҳсолии ҶСК НБО “Роғун” Қурбонназар Давронов, теъдоди техникаву таҷҳизоти корӣ ба 3500 мерасад, ки аксари онро ҷавонмардони тоҷик идора менамоянд. Метавон гуфт, ки Қ. Давронов  дилу ҷонашро ба “Роғун” бахшидааст. Соли сездаҳум аст, ки як гӯшаи муҳими сохтмонро роҳбарӣ мекунад. Дарёро, ки “лаҷом” заданд, саркашии аввалашро аз даст додааст. Дар ин мавзеъ дарё ба баҳр табдил хоҳад ёфт. Дар понздаҳ соли оянда, ғунҷоиши обанбор ба 13,3 километр мукааб баробар мешавад. 
Барои ба 335 метр расидани сарбанди Неругоҳ 80 миллион мукааб метр омехтаи сангу шағалу семент ва дигар масолеҳи часпоишдошта рехтан даркор аст. Чоряки ин зарурат ба иҷро расидааст. 
Муъҷизаи асосии “Роғун” дар зери замин, дар чуқурии 100 метр ҷой гирифтааст, ки “Толори мошинҳо” ном дорад. Он аз рӯи хусусияти ҷойгиршавиаш дар ҷаҳон ҳамто надорад: шаш агрегат дар зери обанбор. Бояд зикр кунем, ки солҳои ҳаштодуми асри пешин сармуҳандиси “Роғун” Евгений Карпов моро ба даҳметриҳои аввалини он ошно карда буд. Имрӯз барои ҷо ба ҷо гузоштани агрегатҳои чоруму сеюм ва дуюму якум корҳои зеризаминӣ пурра ба охир расидаанд. 
Ҳар бинандаи НБО “Роғун” аз он ҷо бо таассуроти амиқ ва фаромӯшнашаванда бармегардад. Зеро бунёдкунандагони хушбину ватандӯст, ҳар тоҷики озодандеши ин сохтмони азим аз корҳои анҷомдода бо ҳассосияти ҷолиб ҳарф зада, сарбаландона мегӯянд: “Мо ду агрегати “Роғун”-ро ба истифода супурдем, чортои дигар ба навбат солҳои 2025, 2026, 2027 ва 2029 ба истифода дода мешаванд”. 
Қуввату ғайрати бунёдкунандагони Неругоҳ, аз коргари қаторӣ то муҳандису роҳбар, амалишавии ин ниятро собит месозад. Дар ҳамаи минтақаҳо кор бомуваффақият пеш меравад.
 
Ҷӯрабек МУЪМИН, 
собиқадори  матбуот, 
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Санаи нашр: 03.06.2024 №: 104
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив