ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БИЁБОНШАВӢ. МУШКИЛОТИ ҲАЛТАЛАБЕ, КИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ТАШВИШ ОВАРДААСТ

БИЁБОНШАВӢ. МУШКИЛОТИ ҲАЛТАЛАБЕ, КИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ТАШВИШ ОВАРДААСТ

05 июн 2024, Чоршанбе
16
0
Имсол  5-уми июн – Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист таҳти шиори «Замини мо, ояндаи мо» ба ҳалли мушкилоти барқарорсозии замин, мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ бахшида шудааст. Зеро мушкилоти биёбоншавӣ ва хушксолӣ проблемаҳои дорои аҳамияти ҷаҳонӣ буда, барои ҳамаи минтақаҳои олам оқибатҳои вазнин доранд ва ҳалли онҳо ташаббуси якҷояи ҷомеаи ҷаҳонро талаб менамояд. 
 
Биёбоншавӣ равандест, ки дар натиҷаи равандҳои таназзул, асосан, аз сабаби паст шудани маҳсулнокии хок ба вуҷуд меояд. Аз ҷониби дигар, биёбоншавӣ таназзули замин дар минтақаҳои хушк, нимхушк ва хушки зеризаминӣ дар натиҷаи фаъолияти инсон ва тағйирёбии иқлим ба амал меояд. Биёбоншавӣ мушкилоти зиёде ба бор меоварад. Аз ҷумла, мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ, аз қабили камбизоатӣ, саломатии нохуб, ноамнии озуқаворӣ, аз даст додани гуногунии биологӣ, норасоии об, коҳиши устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва муҳоҷирати маҷбуриро шадидтар месозад. То 90 дарсад одамоне, ки дар заминҳои лалмӣ зиндагӣ мекунанд, шаҳрвандони кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошанд. Аҳолие, ки дар камбизоатӣ зиндагӣ мекунанд ва аз биёбоншавӣ азият мекашанд, аз сабаби набудани замини устувор метавонанд боз ҳам камбағалтар шаванд. Гузашта аз ин, биёбоншавӣ дар натиҷаи тағйирёбии иқлим шадидтар шуда, метавонад ба гуруснагӣ дар кишварҳои сусттараққӣ оварда расонад.
Аз даст додани заминҳои ҳосилхез одамонро ба қабули қарорҳои хатарноки ҳаёт водор мекунад.   Пешгӯӣ мешавад, ки то соли 2045 дар натиҷаи биёбоншавӣ тақрибан 135 миллион нафар метавонанд ба муҳоҷират маҷбур шаванд. 
Аз ин рӯ, кишварҳои ҷаҳон дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бар он талош доранд, ки вобаста ба мушкилоти экологӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҷониби Тоҷикистон, ки ташаббускори матраҳ кардани масъалаҳои обу иқлим дар ҷаҳон мебошад, кишварҳои зиёдро ба ҳам овард, то тавонанд якҷо мушкилоти ҷойдоштаро ҳаллу фасл намоянд. Дар сатҳи ҷумҳурӣ барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва хушксолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ чораҳои мушаххас андешида шуда, роҳандозӣ намудани захираи манбаъҳои обӣ, ҷорӣ кардани обёрии қатрагӣ, сабзазоркунии дашту теппаҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида далели ин гуфтаҳост. Вобаста ба масъалаи ҳифзи замин аз биёбоншавӣ ва хушксолӣ шоми 5-уми июн дар пойтахти кишвар бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва шаҳрдории пойтахт Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист таҳти шиори «Замини мо, ояндаи мо» таҷлил мегардад. Чорабинии мазкур ба шаҳвардон ва дӯстдорони табиат бори дигар ёдрас менамояд, ки ояндаи табиат ва зиндагии хубу осоишта дар дасти ҳар як шаҳрванди дӯстдори Ватан ва табиат аст, ки ҳар ду ин ганҷи бебаҳоро ҳифз намоянд.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 05.06.2024 №: 106
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив