ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИПЛОМАТИЯИ ОБ. ТОҶИКИСТОН БОРИ ДИГАР ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД

ДИПЛОМАТИЯИ ОБ. ТОҶИКИСТОН БОРИ ДИГАР ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД

10 июн 2024, Душанбе
36
0
 
Имрӯз дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 10 то 13-уми июн бо ҳузури зиёда аз 2000 намояндаи беш аз 130 давлати ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ташкилотҳои хоҷагии об ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар шаҳри Душанбе ҷараён мегирад, 9 форум баргузор гардид. 
 
Нахуст, дар доираи барномаи Конфронс Форуми оби Африқо «Шарҳи пешрафт ва таҳияи рӯзномаи консепсияи обии Африқо барои давраи баъд аз соли 2025» дар Китобхонаи миллӣ ба кори худ оғоз кард. Ин Форум ҳамчун баррасии таҳлили пешрафт ва татбиқи мавқеи умумии Африқо ва паёмҳои калидӣ дар Конфронси обии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 пазируфта шудааст. Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки Форуми оби Африқо ба ҷонибҳои манфиатдор имкон медиҳад, ки корҳои нотамомро муайян кунанд ва мавзуъҳои навро дар бахши обрасонӣ ва беҳдошт дар Африқо таҳия намоянд.
Дар Форуми Осиёи Марказӣ «Об ва тағйирёбии иқлим», ки дар меҳмонхонаи «Ҳилтон»-и шаҳри Душанбе ҷараён гирифт, оид ба пешбурди сиёсатҳои огоҳона дар бораи хатарҳо, нақшаҳои мутобиқсозии миллӣ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва табодули маълумот оид ба об, муҳити зист ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ гуфтугӯ шуд. Таъкид гардид, ки ҳадафи Форуми мазкур ташвиқи давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани талошҳо дар самти ноил гардидан ба устувории об ва иқлим, таҳкими ҳамкорӣ оид ба идоракунии захираҳои об ва коҳиш додани хатари офатҳо дар Осиёи Марказӣ аст.
Дар Форуми бахши хусусӣ роҳбарони ҳукуматҳо ва доираҳои тиҷоратӣ тарҳҳои эҳтимолӣ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусиро баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки ин чорабинӣ барои таҳкими эҷоди имконият ва бозорҳои тиҷоратӣ тарҳрезӣ шудааст, ки мустақиман барои пешрафт ба сӯи Ҳадафҳои Рушди Устувори 6 – об ва беҳдошт дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Нишон додани сиёсат ва таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Қатъномаи СММ оид ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли  байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки  барои инсоният дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим,  ҳифзи пиряхҳо ва рафъи камбуди об дар сайёра муҳим ва саривақтӣ буда, яке аз муҳимтарин дастовардҳои кишвари мо дар арсаи  байналмилалӣ ба шумор меравад, аз масоили меҳварии Форуми байналмилалӣ бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025 буд.
Дар Форуми минтақавии вакилони парлумонҳо тадбиру натиҷаҳо дар доираи барномаи амали Конфронси байналмилалӣ оид ба нуфус ва рушд баррасӣ гардид. Зимнан, дар ин нишаст масоили марбут ба тағйироти демографӣ, баробарии гендерӣ, тавонмандсозии ҷавонон, камбуди об ва тағйирёбии иқлим мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҳамчунин, 10-уми июн форумҳои обу иқлими кӯдакон ва ҷавонон, занон ва об, илм ва технология доир гардиданд, ки дар шумораҳои ояндаи рӯзнома перомуни онҳо гузоришҳои муфассал манзури хонанда мегарданд.
Ҳадафи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», тақвияти саъю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид сабтшуда, ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои об дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 арзёбӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, интизор меравад, ки натиҷаҳои Конфронси сеюми Душанбе комёбиҳои бадастомадаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023-ро таҳким бахшида, ба қабули уҳдадориҳо ва иқдоми нав дар соҳаи захираҳои об мусоидат менамоянд.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 10.06.2024 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив