ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АРҶГУЗОРӢ БА УСТОД АРҶГУЗОРӢ БА МИЛЛАТ АСТ

АРҶГУЗОРӢ БА УСТОД АРҶГУЗОРӢ БА МИЛЛАТ АСТ

10 июн 2024, Душанбе
17
0
(Дар ҳошияи мақолаи “Ҳеҷ ганҷе беҳтар аз фарҳанг нест”)
Арҷгузорӣ ба хидмату ранҷҳои гузаштагон ва равшан нигаҳ доштани чароғи ёду ёдгори онҳо аз суннатҳои деринаи мардуми мо будааст. Зеро таърих маҳз аз ёду хотира ва саргузаштҳои инсонҳои наҷибу озода иборат аст. Профессор Саймуъмин Ятимов низ бо иншои мақолаи дувуми хеш дар бораи яке аз устодони раҳнамои худ ин суннати деринро пос доштааст.
Воқеан ҳам, профессор Саймуъмин Ятимов бо мақолаи “Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ”, ки аз рӯзгор ва фаъолияти ибратбахши устоди хеш Қаюм Сангов нақл мекунад, ба мо низ дарси бузурги ибрат бахшид. Имрӯзҳо, ки ҷомеаи мо талабгору хостгори баланд шудани қадру манзалати омӯзгор аст, чунин матлабҳо бисёр муассир хоҳанд буд.
То замоне ки ба устод, муаллим, мураббӣ чун идеал назар намеафканем ва дар симои ӯ кӯҳи донишу фазл ва матонату ахлоқро намебинем, дар гумон аст, ки фарзандони зираку ҳушёр ва ҳамадон дошта бошем. Муаллифи мақола Саймуъмин Ятимов низ ба роҳу усулҳои сохтани инсони созанда ишора карда, менависад: “Ҷараёни аз одам сохтани инсони созанда, ҳаракати абадӣ ва беохири ҷомеаи башарӣ ба сӯйи зиндагии шоиста буд, ҳаст, мемонад. Дар ин раванд оила, муҳити маънавӣ, мактабу маориф, бо як ибора - муносибатҳои ҷамъиятӣ  нақши муҳим, созанда, асосӣ, муайянкунандагӣ, ҳалкунанда ва қонунмандӣ доранд”.
Дар идомаи мақола хотираҳои неку наҷиби муаллиф дар бораи тарзу усули вижаи дарсгузарӣ, ҷалби таваҷҷуҳи хонандагон, қолабшиканӣ ва қолабнопазирӣ, шинохти руҳи хонандагон, табиати инсонӣ, муҳимтар аз ҳама донистани хосиятҳои миллии ин миллат ва дуруст раҳнамоӣ кардани фарзандони он бисёр омӯзанда аст. Аз хондани матлаб бо як чеҳраи фаррухи устод, омӯзори ростин ва педагоги кордидаву ҷаҳондида ошно мешавем. Дар баробари ошноӣ бо вижагиҳои фаъолият ва методҳои махсуси дарсгузарӣ худамон низ чун омӯзгори ҷавон меомӯзем ва пайи татбиқ кардани чунин падидаҳои асили муаллимӣ хоҳем шуд.
Ба ин иқтибос назар кунед: “Муаллим ҷараёни дарсро мақсаднок ва ҷолиб мегузаронд. Шогирд бовар ҳосил мекард, донишҳое, ки устод барои аз худ кардани онҳо заҳмат мекашад, на танҳо барои муаллими забон ва адабиёт кумак мекунанд, балки мутахассисони соҳаҳои муҳандисӣ, табибон, риёзидонон,    умуман мардуми соҳибзабон ба онҳо ниёзманданд. Дар касби онҳо низ муҳим ва судманд, усули хуби аз худ кардани воқеияти ҳастӣ мебошанд”. 
Бале, муаллими воқеии забон ва адабиёти тоҷик дарсро ончунон мегузарад, ки ҳама донишандӯз, қатъи назар аз он ки ба кадом пеша ё касб майл дорад, муҳим будани қадри сухан ва адабу ахлоқро ба ҷону дилаш дарк мекунад.
Дар ҳақиқат, рисолати омӯзгор ҳамчун муҳандиси руҳи инсон басе волову гаронқадр аст. Ҷойгоҳи соҳибони ин пешаи муқаддасро танҳо ҷомеаҳои пешрафта ва мутамаддин мешиносанд. Чунин арҷгузорӣ ба омӯзгор аз тарафи профессор Саймуъмин Ятимов барои мо ибратбахш буд. Ростӣ, мо ҳам пайи онем, ки чунин омӯзгори бузургворро дар зинда будан ҷуста ёбем, барои манфиати ҷомеа ва сарфарозии насли нав донишу таҷрибаашонро истифода барем.
 
Шариф ШАРИФХОҶА,
директори Гимназияи хусусии “Кафолат”,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик
Санаи нашр: 10.06.2024 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив