ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РУШДИ ВАРЗИШ

РУШДИ ВАРЗИШ

10 июн 2024, Душанбе
19
0
Дар ДТҶТ бо маблағгузории ШОО майдони варзиши сабук сохта хоҳад шуд
5-уми июн дар Шоҳигарии Баҳрайн ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо директори генералии Шурои олимпии Осиё (ШОО), президенти Созмони ҷаҳонии варзишҳои обӣ Ҳусейн ал-Мусаллам мулоқот кард. 
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди инфрасохтори соҳаи варзиши Тоҷикистон, омодагии ҳамаҷониба ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва қоравӣ, татбиқи барномаҳои соҳавии Шуро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Ҳукумати мамлакат имкониятҳои мавҷударо баҳри инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди инфрасохтори соҳа ва таъмини шароити мусоид барои варзишгарон равона сохтаанд. Дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулло Раҳмонзода пешниҳод намуд, ки дар ҳудуди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов дар доираи барномаи “Олимп Осиё”-и Шурои олимпии Осиё барои варзиши сабук як майдони варзишӣ сохта шавад.
Пешниҳодро Ҳусейн ал-Мусаллам пазируфт ва гуфт, ки бо ин мақсад 150 ҳазор доллари ИМА ҷудо менамоянд.
 
 
 
 
ДАСТГИРИИ ВАРЗИШГАРОН
Ду федератсияи ҷаҳонӣ ба ғолибони Бозиҳои олимпӣ ҷоизапулӣ медиҳад
Тавре Созмони ҷаҳонии варзиши сабук ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс эълон карданд, ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 медал ба даст меоранд, ҷоизапулӣ медиҳанд. Ин тасмим дар таърихи бозиҳо бесобиқа аст.
Фонди умумии ҷоизавии Созмони варзиши сабук 2,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Варзишгароне, ки дар 48 равияи варзиши сабук медали тилло ба даст меоранд, 50 000 доллар мегиранд. Созмон тасмим дорад, дар Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес-2028 ба барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ низ ҷоизапулӣ диҳад.
Ин тасмимро Ассотсиатсияи байналмилалии бокс низ рӯйи даст гирифт, ҳарчанд эътирофи он аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шудааст. Фонди ҷоизавӣ оид ба бокс 13 000 000 доллари ИМА мебошад. Дар ҳамаи 13 вазн – 7 вазни мардон ва 6 вазни бонувон – барандагони медалҳои тилло 100 000 доллар мегиранд (варзишгар 50 000 доллар, федератсияи миллӣ – 25 000 доллар ва мураббӣ 25 000 доллар). Барои медали нуқраи олимпӣ 50 000 доллар (варзишгар 25 000 доллар, 25 000 доллари боқимонда ба мураббӣ ва федератсияи миллӣ) ва барои медали биринҷӣ 25 000 доллар (12 500 доллар ба варзишгар, 12 500 доллар ба мураббӣ ва федератсияи миллӣ) ҷудо мегардад. Илова бар ин, варзишгароне, ки дар чорякфинал шикаст хӯрда, ҷойи 5-умро сазовор мешаванд, 10 000 доллар дарёфт хоҳанд кард.
 
 
 
КУРАШ
Шакармамад Мирмамадов – чемпиони Осиё
Паҳлавонони кишвар дар Чемпионати Осиё оид ба кураш, ки 6-10-уми июн дар шаҳри Теҳрони Эрон доир гашт, 5 медал ба даст оварданд.
Дар Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш 200 варзишгар аз 20 мамлакати қора, аз ҷумла паҳлавонони тоҷик, ширкат намуд. 
Гӯштигири мо Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100 кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Мирзоҷамил Рамазонов (-73 кг) медали нуқра, Раҳматуллобек Фарҳодов (-81 кг), Умар Расулов (-90 кг) ва Фирдавс Насимов (-100 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон бо 5 медал пас аз Ӯзбекистон (5 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ) ва Эрон (1 тилло, 5 нуқра, 1 биринҷӣ) ҷойи сеюмро сазовор гашт.  
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.06.2024 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив