БУРХВАЛӢ ҒУЛОМҲАЙДАРЗОДА. ПАЙРОҲАИ КАМОЛОТ
Панҷуми июн. Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фазои идона дошт. Мухлисон ва ҳаводорони театр ба хотири 45-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода бо номи “Парвози ҳунар” ҷамъ омада буданд. Оҳанги дилнавози мутрибон ба кас фараҳ мебахшид. То оғози чорабинӣ маҷмуаи “Ҷамолу камоли ҳунарманд”, ки ба ифтихори ин санаи хотирмон ба табъ расид, рӯнамоӣ гардид.
Дар ибтидо Обидҷон Назариён, муовини якуми вазири фарҳанг, иброз дошт, ки ҳунармандон ганҷи бебаҳои фарҳанг мебошанд. Барои ҳар инсон хушбахтист, ки роҳи худро пайдо мекунаду ба касби дӯстдоштааш шуғл меварзад. Ин хушбахтӣ ба Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода даст додааст ва 45- солагии фаъолияти кории худро бо дӯстон, ҳунармандон ва мухлисон, дар ин боргоҳи ҳунар таҷлил мекунад. Аз солҳои ҳафтодуми қарни гузашта, ки як гурӯҳ ҷавонон баъд аз хатми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ (он ҳангом ба номи А.С. Пушкин) ба ҳайси актёр ба кор омада буданд, ӯро мешинохтам ва эҳсосу муҳаббати бепоёнашро ба театр ҳамон замон эҳсос кардам. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ӯро мешиносанд ва ба ҳунараш эҳтиром мегузоранд, ки барои ҳунарманд боиси фахр аст.
Бояд ёдрас шуд, ки Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода 28-уми майи соли 1954 дар деҳаи Пошхарви ноҳияи Дарвоз ба дунё омада, баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон фаъолияти эҷодиро аз Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ оғоз мекунад ва пас аз он ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ меояд ва то ҳол фаъолият дорад. Ӯ дар беш аз 80 намоишнома, аз ҷумла “Шоҳ Лир”, “Рамео ва Ҷулйетта”-и Шекспир, “Роҳзанҳо”-и Шиллер, “Ҳақиқати талх”-и Султон Сафар, “Ашрофпараст”-и Молйер (Клеонт), “Соҳиби меҳмонхона”-и Карло Голдони (хизматгор), “Хушдоман” (Мурод), “Камоли Хуҷандӣ” (Аловуддин), “Хонашерони майдонғариб” (Ҳодӣ) нақш бозидааст.
Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Тамара Абдушукурова дар китоби “Ҷамолу камоли ҳунарманд” аз қобилият ва истеъдоди баланди ӯ чунин менависад: “Маро ҳамеша қобилияти меҳнатдӯстӣ, серталабӣ ба худ ва рафиқонаш, тахайюли адонашаванда ва ғайрати Бурхвалӣ мафтун месохт.”
Дар маҳфил намояндагони фарҳангу зиёиён ва ҳаводорони ҳунар иштирок намуда, ҳамчунин, барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони маҳбуби кишвар маҳфилро хотирмон гардонд.
Судоба ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.06.2024 №: 109
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)