ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОҲРОҲИ ҚАЛЪАИХУМБ – ВАНҶ. ОВРИНГҲОИ ХАВФНОК ТАБДИЛ БА АФСОНА МЕШАВАНД

ШОҲРОҲИ ҚАЛЪАИХУМБ – ВАНҶ. ОВРИНГҲОИ ХАВФНОК ТАБДИЛ БА АФСОНА МЕШАВАНД

10 июн 2024, Душанбе
28
0
Сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ Исмоил Аҳмадов иброз дошт, ки зиёда аз ду сол мешавад, корҳои сохтмонӣ  дар  қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ– сарҳади ноҳияи Рӯшон аз ҷониби ширкати «Чайна Роу энд Бриджен Корпорайшен”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва коргарони Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни пурифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии  кишвар вусъати баланд пайдо кардааст. Чанде пеш гурӯҳи корӣ бо сарварии вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ, дар қисмати шоҳроҳи мушкилтарини 109 километра, инчунин, нақбҳои Кеврон - Ҷорф ва Тоғмай - Курговад дидан карда, ба сохтмончиён тавсия ва маслиҳатҳо доданд, ки суръати бунёди  қисмати шоҳроҳи мушкилтарини байналхалқӣ, алалхусус қитъаи “Даштак” ва нақбу долонҳо ва дигар иншоотро,  тезонанд.
Ҳоло бештар аз 210 адад  техникаи  пуриқтидори ширкатҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои гуногуни шоҳроҳ кор менамоянд. Зикр кардан ба маврид аст, ки садҳо нафар сокинони маҳаллӣ, ҷавонони соҳибкасби ванҷӣ ва дигар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бунёди ин қитъаи шоҳроҳ иштироки фаъолона доранд. Аз аввали  соли 2024 шумораи онҳо меафзояд. Сокинони саросари вилоят аз он изҳори хушнудӣ менамоянд, ки дар баробари  сохта,  ба истифода додани  аввалин нақби мошингузар дар Бадахшон бо номи “Ширговад” ва дар кӯтоҳтарин фурсат нақбҳои Кеврон - Ҷорф ва Тоғмай - Курговад, оврингҳои Рости Моймай, Кӯчаи рангун, Чапарако,Тӯғак, Гирдоби Маҳмуд, Каведа, Зелолаки қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб - Ванҷ сарҳади ноҳияи Рӯшон зиёда аз 16 километр кӯтоҳтар мешавад.
   Бояд зикр кард, ки тайи се сол нақби Ширговади ҳудуди деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст ва нақлиёти автомобилӣ  шабу рӯз бе ягон монеа дар он ҳаракат мекунад. Ҳамчунин, корҳои сохтмонӣ дар бунёди пули  нақлиётгузар аз болои дарёи Хумбов, рӯдхонаҳои  Пошхарв, Даҳанаи оби Висхарв ва Пшихарв  бо суръат ва  сифати баланд  ҷараён доранд. 
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани пули нав дар  даромадгоҳи шаҳраки Қалъаихумб, нақби нақлиётгузари мавзеи Ширговад, (нахустин чунин нақб дар Бадахшон) ва нақбҳои ҳоло сохташавандаи Кеврон-Ҷорф, Тоғмай - Курговад пулҳои мошингузар, танҳо  ҳамчун ёдгории таърихӣ дар хотираи ронандагону мусофирон  боқӣ мемонанд.
Ҳамаи ин амалҳои созандагӣ - азнавсозии қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб- Ванҷ - даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, бунёди нақбҳову долонҳо, пулҳои нақлиётгузар ва  дигар иншооти роҳдорӣ, ки бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ то сарҳади ноҳияи Рӯшон  ва саросари шаҳру навоҳии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷо оварда мешаванд,  аз дастгириҳо ва ғамхориҳои беназири Роҳбари давлат дар ҳаққи мардуми ВМКБ  сарманшаъ мегирад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Санаи нашр: 10.06.2024 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив