ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОНФРОНСИ СЕЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028”

КОНФРОНСИ СЕЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028”

12 июн 2024, Чоршанбе
15
0
11-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.
Баъди суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор коршиносони сатҳи баланд, роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла узви раёсати Босния ва Ҳерсеговина Желка Тсвиянович, президенти Маҷмаи умумии СММ Денис Френсис, ноиби якуми Президенти Зимбабве  Чивенга Константино, ноиби Президенти Ангола  Эсперанза Дакошта, ноиби Президенти Замбия Мутале Налуманго, мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азулай, президенти Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Паула Нарвез Ойеда, Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима, президенти Бонки исломии рушд Муҳаммад ал-Ҷассер, муовини Дабири кулли СММ Ли Ҷунхуа, котиби давлатии Ватикан Кардинал Пиетро Паролин ва директори глобалии Таҷрибаи глобалии оби Бонки ҷаҳонӣ Сароҷ Кумар Ҷҳа сухан гуфта, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим баҳои баланд доданд.
 
Санаи нашр: 12.06.2024 №: 111
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив