ҶУДО

12 июн 2024, Чоршанбе
26
0
Чемпионҳои Тоҷикистон миёни ҷавонон муайян гаштанд 
8-9-уми июн дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати ҷудои Тоҷикистон байни ҷавонони соли таваллудашон 2004-2006 бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир баргузор гардид.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар мамлакат барои инкишофи ҳамаҷонибаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронда мешаванд. Ҷудо яке аз намудҳои маъмули варзиши кишвар ба ҳисоб рафта, дӯстдорону ҳаводорони он рӯз ба рӯз меафзояд. Давоми ду соли охир баргузор гардидани 2 Мусобиқаи байналмилалӣ – Гран-при ва Гранд-слам оид ба ҷудо дар шаҳри Душанбе ва муваффақияти варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаҳо шаҳодати ин гуфтаҳост.
Ҳамин тариқ, давоми ду рӯз паҳлавонони ҷавон тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар 7 вазн миёни писарон зӯрозмоӣ карданд. Дар натиҷа чемпионҳои кишвар дар соли 2024 тариқи зайл муайян шуданд: Саъдӣ Маҳмадов (-60 кг), Умар Шеров (-66 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-73 кг), Суннатулло Мусоев (-81 кг), Мусохон Ғаниев (-90 кг), Муҳсин Малаев (-100 кг), Фараҳманд Устопиров (+100 кг).
Аз ҳисоби ғолибон дастаи мунтахаб таркиб меёбад ва Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон-2024, ки аз 2 то 5-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд.
 
 
 
ФУТБОЛ
Тоҷикистон марҳалаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо ғалаба ҷамъбаст кард
Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври охири марҳалаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026, дар гурӯҳи “G” бар тими миллии Покистон пирӯз шуд.
Бозии дастаҳо шоми 11-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гашта, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи тими миллии мо анҷом ёфт. Голҳоро Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов заданд.
Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии марҳалаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Тоҷикистон бо 8 хол ҷойи сеюмро гирифт. Аз гурӯҳ дастаҳои Урдун ва Арабистони Саудӣ, ки ҳар ду 13-холӣ гирифтанд, ба марҳалаи сеюм роҳ ёфтанд. Дастаҳои Қатар, Кувайт (гурӯҳи “А”), Ҷопон, Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея (“В”), Корея, Чин (“С”), Уммон, Қирғизистон (“D”), Эрон, Ӯзбекистон (“Е”), Ироқ, Индонезия (“F”), Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн (“Н”) ва Австралия, Фаластин (“I”) мусобиқаро дар марҳалаи сеюм идома медиҳанд. Ин дастаҳо, ҳамчунин, ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳхат гирифтанд. Тими мунтахаби Тоҷикистон моҳи март барои роҳ ёфтан ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 талош мекунад.
 
 
 
Тоҷикистон-Беларус: ду бозӣ, ду мусовӣ
Дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистону Беларус дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода ду бозии санҷишӣ анҷом доданд, ки дар ҳар ду ғолиб муайян нагардид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстона барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) як давраи омодагӣ ба марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 мебошад. 
Бозии аввал 7-уми июн (1:1), вохӯрии дуюм 10-уми июн (2:2) мусовӣ анҷом ёфтанд. 
Қобили зикр аст, ки рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 13-уми июн, пас аз қуръакашӣ, маълум хоҳанд шуд.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.06.2024 №: 111
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив