ПАРЛУМОН. БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
10-уми июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон зери унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» Форуми байналмилалии парлумонӣ доир шуд. Ҳамоиш бо мақсади татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши фаъол доштан дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи парлумонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» роҳандозӣ гардид.
Дар Форум вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони воломақоми давлатҳои аъзои Форуми парлумонҳои Осиё оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (AFPPD), Ассотсиатсияи аҳолӣ ва рушди Осиё (APDA) ва Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA), вазорату идораҳо, корпуси дипломатии муқими Душанбе, ташкилоти байналмилалӣ, ҷавонони ташаббускор, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Дар Форум Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Мавсума Муинӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аҳамияти об ва захираҳои он, ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи обу пиряхҳо сухан гуфтанд.
Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор ташаббусҳои муфид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба истифодаи оқилонаи об аз минбари Созмони Милали Муттаҳид баромад намуданд, ки қатъномаҳои дахлдор қабул гардидаанд. Имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистонро кишвари фаъол, ташаббускор ва яке аз субъектҳои асосии “дипломатияи об” мешиносанд. Тоҷикистон ташаббускори асосии Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. Итминони комил дорем, ки иштирокдорони Форуми имрӯза ба ҳамкорӣ ва густариши шарикӣ ҳуҷҷатҳои ниҳоии ин ҳамоишро барои мусоидат ба раванди татбиқи ҳадафҳои рушди устувори захираҳои об ва беҳдошт пайгирона истифода хоҳанд кард.
Дар Форум, инчунин, вакилони парлумонҳои беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Покистон, Беларус, Озарбойҷон, Гурҷистон, Малайзия, Арманистон, Австрия, Босния ва Ҳерсеговина, Молдова, Непал, Руминия ва намояндагони минтақавию кишварии ниҳодҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Зимни баргузории Форум масоили тавонмандсозии занон, ҷавонон, баробарии гендерӣ, устувории демографӣ, камбизоатӣ, норасоии об ва тағйирёбии иқлим, инчунин, роҳҳои ҳалли татбиқи иқтидори пурраи занон тавассути сиёсати оилавӣ, таҳкими шарикӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба Рӯзномаи 2030 ва табодули таҷриба барои баланд бардоштани огоҳӣ ва саҳмгузорӣ оид ба рушди устувор матраҳ шуданд. Ҳамзамон, Эъломияи Душанбе таҳия ва қабул гардид, ки дар он амалҳои мушаххаси аз тарафи вакилони парлумонҳо барои муайян намудани афзалияти устувории демографӣ, баробарии гендерӣ, тавсеаи ҳуқуқу тавонмандиҳои ҷавонон, амнияти об ва амалҳо оид ба тағйирёбии иқлим баҳри ноил шудан ба Рӯзномаи Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд, инчунин, Ҳадафҳои рушди устувор инъикос ёфтанд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.06.2024 №: 111
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)