АРЗИ СИПОС
Муассисаи давлатии маркази саломатии шаҳрии № 1-и шаҳри Душанбе яке аз дармонгоҳҳое мебошад, ки мунтазам пайи солимии ҷомеа камари ҳиммат бастааст. Ин бунгоҳи тиббии давлатӣ, ки бештар ба сокинони пойтахт хизмат мерасонад, дорои мутахассисони ботаҷриба ва кордон мебошад.
Яке аз табибоне, ки мунтазам дар хизмати мардум аст, ин табиби оилавӣ Муҳаё Ҳусейнова ба шумор меравад. Тули се-чор сол мешавад, ки ман таҳти назорати доимии ин табибам ӯро як шахси дӯсту ғамхор дарёфтам. Ӯ ба беморон на танҳо бо дору, балки бо сухани хуб ва маслиҳатҳои муфид дармон мебахшад.
Муҳаё Ҳусейнова ғайр аз аз хизматрасонӣ маро ройгон бо дору таъмин менамояд. Оре, ҳарчанд вазифадор нест, ки доруҳоямро аз ҳисоби маоши худ бихарад. Ҳамеша таъкидаш мекунам, ки пули доруҳоро бигирад, вале намепазирад. Мегӯяд: “Ба маъюб бояд сидқан кумак бикунем. Арзи подошашро Худованд медиҳад”. Дар баробари ин, бонуи дилсӯз ҳамшираҳои шафқат Рухшона Исматова ва Собира Ҳакимова низ пайваста ба ман ва мардум хизмат мерасонанд. Ман ҳамчун як сокини кишвар барои таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба соҳаи тандурустӣ ва содиқона адои вазифааш ба ин бонувони хушкор миннатдорӣ баён менамоям.
Муҳаммадҷон АБДУЛЛОЕВ,
маъюби гурӯҳи 2, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино,
кӯчаи Арбобхотун-3, ҳавлии № 692
Санаи нашр: 12.06.2024 №: 111
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)