ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НЮ-ЙОРК ТО ДУШАНБЕ ВА АЗ ДУШАНБЕ ТО НЮ-ЙОРК. ҶОМЕАИ ҶАҲОН БА ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ДАҲСОЛА НАЗДИКТАР МЕШАВАД

АЗ НЮ-ЙОРК ТО ДУШАНБЕ ВА АЗ ДУШАНБЕ ТО НЮ-ЙОРК. ҶОМЕАИ ҶАҲОН БА ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ДАҲСОЛА НАЗДИКТАР МЕШАВАД

13 июн 2024, Панҷшанбе
37
0
 
Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 12-уми июн бо қабули Эъломияи Душанбе дар пойтахти мамлакат ба анҷом расид.
Маросими хотимавии ин ҳамоиши бонуфуз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ли Ҷунхуа доир гардида, ҳамзамон бо баргузории нишасти матбуотӣ аз кори он натиҷагирӣ шуд. Дар нишасти ҷамъбастӣ аз иштироки доираи васеи намояндагони беш аз 100 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ истиқбол ва аз кори конфронсу дастовардҳои он тавсиф карданд.
Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки баргузории Конфронс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони фаррохи муколама, баррасии мавзуъҳои рӯзмарраи об ва иқлимро бо иштироки коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ба вуҷуд овард. 
– Ин ҳамоиш платформаи муттаҳидсозӣ ва дарёфти иттилои зарурӣ оид ба об гардида, низомеро таҳия хоҳад кард, ки ҳамаи ҷонибҳои алоқаманд тавассути он нақшаву барномаҳои худро амалӣ ҳоҳанд кард. Конфронси сеюм, бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи об ҷалб намуд. Он дар татбиқи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қадами устувор буда, барои баргузории Конфронси оби Созмони Миллали Муттаҳид-2026 замина фароҳам меорад, – зикр кард Қоҳир Расулзода. 
Зимнан, таъкид гардид, ки ин ҳамоиши сатҳи баланд ҳамчун занҷираи марказӣ дастовардҳои Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалиро, ки 22-24-уми марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, таҳким бахшида, ба қабули уҳдадориҳо ва иқдомҳои нав дар соҳаи захираҳои об мусоидат хоҳад кард.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 9 форум, 5 муколамаи интерактивӣ, 15  чорабинии канорӣ гузаронда шуд. Ҳамзамон, дар шаҳри Душанбе Фестивали обу пиряхҳо, барномаи консертӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва иқтидори саноативу кишоварзии Тоҷикистон манзури иштирокчиён гардид.
Дар ин чорабинӣ беш аз 2000 намояндаи кишварҳои узви СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ташкилотҳои хоҷагии об ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок доштанд. Барои бозтоби чорабиниҳо дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштироки 300 хабарнигори дохилию хориҷӣ бо фароҳам овардани фановариҳои пешрафтаи иттилоотӣ таъмин карда шуд.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 13.06.2024 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив