СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАИСОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТУРСУНЗОДА, ҲИСОР, ВАҲДАТ, РӮДАКӢ ВА ШАҲРИНАВ
18-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба иҷрои дастуру супоришҳои қаблан додашуда дар масъалаҳои ҷамъоварии муташаккилонаи ҳосили ғалладонагиҳо, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳолатҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла сӯхтор, суръат бахшидан ба кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани меваю сабзавот ва содироти он шуниданд ва оид ба масъалаҳои зикршуда супоришҳои мушаххас доданд.
Пешвои миллат, ҳамчунин, аз раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои номбурда талаб намуданд, ки омодагӣ ба тирамоҳу зимистони дарпешистода, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёду таъмири муассисаҳои таълимию тиббӣ дар деҳоти дурдаст, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави хониш, сафарбар намудани мардум ба ин корҳо ва ҳарчи бештар муҳайёсозии ҷойҳои корӣ барои аҳолӣ таъмин карда шавад.
Санаи нашр: 19.06.2024 №: 115
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)