САЙЁҲӢ. РАҚАМИСОЗИИ СОҲА ҚАДАМИ МУАССИР БАРОИ ПЕШРАФТ АСТ!
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои зудинкишофёбандаи иқтисодиёт мебошад. Мусаллам аст, он аз рақамикунонӣ, ки тули ду даҳсолаи охир тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷаҳонро фаро гирифта истодааст, дар канор буда наметавонад. Ҳарчанд соҳа дар марҳалаи пайдоиш ва ташаккули рақамикунонӣ қарор дорад, дар ояндаи наздик сайёҳиро бе истифодаи воситаҳои гуногуни рақамӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
САЙЁҲӢ ПЕШ МЕРАВАД
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда, бо мақсади тавсеаи раванди рақамикунонии иқтисодиёт, аз ҷумла дар бахши сайёҳӣ, ҷалби сармоя, муаррифии захираҳои сайёҳии мамлакат ба ҷаҳонгардон, тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешад. Гуфтан ба маврид аст, ки соҳаи сайёҳӣ тайи даҳсолаи охир дастовардҳои бесобиқаро ноил гашт. Аз моҳи январи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми раводиди электронии E-Visa барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ гардид. Айни ҳол, мувофиқи маълумоти сомонаи сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, ба воситаи раводиди электронӣ шаҳрвандони 140 давлати ҷаҳон метавонанд ба Тоҷикистон сафар намоянд.
ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ВОРИДИ СОҲА МЕШАВАНД
Коршиносон қайд мекунанд, ки имрӯз тиҷорати сайёҳӣ бо рақамикунонӣ робитаи зич дошта, он ба ҷараёни ҷаҳонгардӣ таъсири мустақим мерасонад. Ба гуфтаи коршиносон, тақрибан 80 дарсади сайёҳон ҳангоми омодагӣ ба сафар аз хизматрасониҳои рақамӣ ба монанди брон кардани ҳуҷраҳои меҳмонхонаҳо, чиптаҳо ва ғайраҳо истифода мебаранд. Ҳамаи ин ба воситаи имкониятҳои рақамӣ, махсусан барномаҳои мобилӣ, амалӣ мешаванд, ки дар ташаккул ва рушди маҳсулоти нави сайёҳӣ, пешниҳоди хизматрасониҳо дар бахши меҳмондорӣ ва сайёҳӣ мусоидат намуданд. Имрӯзҳо хизматрасониҳое, ба монанди Skyscanner, Booking.com, Airbnb, ки имкони мустақилона ба нақша гирифтани сафарҳоро барои сайёҳон фароҳам оварданд, шумораи ҳарчи бештари ҷаҳонгардонро ба сайрҳои инфиродӣ ҷалб менамоянд.
Феълан, дар як платформаи рақамӣ пешниҳодҳои ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ ва дигар таъминкунандагони хизматрасониҳои сайёҳиро аз назар гузарондан мумкин аст. Рақамикунонӣ ба ҳамаи доираҳои сайёҳӣ таъсир расонда истодааст: биноҳо ба системаҳои рақамӣ мегузаранд; замимаҳои мобилӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо сайёҳӣ ва хизматрасонии меҳмонхонаҳоро осон мекунанд; мессенҷерҳо муоширати байни кормандон ва мизоҷонро суръат мебахшанд; чат-ботҳо фаъолияти инсонро аз байн мебаранд ва монанди инҳо.
ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР РУШДИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ САЙЁҲӢ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рақамикунонии сайёҳӣ қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла роҳнамои онлайн, харитаҳои электронии сайёҳӣ, маълумот оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ба сайёҳонро корбарӣ менамояд. Яке аз чунин замимаҳои мобилӣ, ки барои фарохсозии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар шабакаи интернет пешбинӣ шудааст, MGIS мебошад. MGIS феҳристи ройгон бо харитаи муфассал ва ҳамаҷонибаи шаҳри Душанбе буда, аввалин дастури онлайнии интерактивӣ дар Тоҷикистон мебошад. Замимаи mgis.tj дар як лаҳза оид ба ҷойгиршавии дилхоҳ иншооти давлатӣ, ширкатҳо, меҳмонхонаҳо, масири нақлиёт, рақами хонаҳо, номи ширкату ташкилотҳо ва рақами телефонҳо, суроғаҳо ва соатҳои корӣ маълумот пешниҳод мекунад. Ба воситаи он метавон зуд кӯча ё хиёбон, қаҳвахона ё тарабхона, ширкат ё созмон, терминал ё банкомат, дорухона ё беморхона, номгӯйи таом ва нархҳои тарабхонаву қаҳвахонаҳои шаҳр ва бисёр дигар маълумоти заруриро пайдо намуд. Ғайр аз ин, бори нахуст дар ҷумҳурӣ моҳи январи соли ҷорӣ Платформаи рақамии сайёҳии «Tour.tj» таҳия ва пешниҳод шуд, ки низоми ягонаи фармоишдиҳии бастаҳои сайёҳии ширкатҳои сайёҳии ватаниро ба ҳам меорад. Инчунин, марказҳои гуногуни хизматрасонии нақлиётӣ, аз қабили «Рахш Такси», «Эйшн Экспресс», «Олуча Авто», дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар хизматрасониҳои нақлиётиро пешниҳод мекунанд. Инчунин, низоми пардохти электронии ҳаққи хизмати мусофиркашонӣ, хариди молу маҳсулот, хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ ва ғайра паҳн шудаанд. Дар баробари ин, дар минтақаҳои сайёҳӣ ва дурдасти кӯҳӣ алоқаи мобилӣ ва пайвастшавӣ ба интернет имконпазир аст. Ҳамаи ин шароитҳо барои осон намудани дастрасии маълумот вобаста ба хизматрасониҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ ва роҳати сайёҳон ёрии аввалиндараҷа расонда, василаи муҳими сарфаи вақт ба ҳисоб мераванд.
ТАВАҚҚУФ НАБОЯД КАРД
Метавон гуфт, ки рақамикунонии сайёҳӣ тамоюлҳои навро ба вуҷуд оварда, хизматрасонӣ ва алоқаро осон мегардонад, аммо дар баробари ин, як қатор мушкилот дар пай дорад. Мушкили асосӣ дар набудани имкониятҳои молиявӣ мебошад. Ин омил дар минтақаҳо шадидан эҳсос мешавад, зеро он ҷо ширкатҳо ва меҳмонхонаҳо имкони маблағгузории технологияҳои навтарини рақамиро надоранд. Дар сатҳи зарурӣ истифода нашудани технологияҳо аз мушкили дигар мебошад, ки наметавон сарфи назар кард. Дар истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, махсусан дар минтақаҳо, ба истилоҳ «гуруснагии кадрӣ» эҳсос мешавад.
Нақши рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ равшан аст. Ба шарофати рақамикунонӣ истироҳат дар меҳмонхонаҳо бароҳат, бехатар ва босифаттар, хариди бастаҳои сайёҳӣ зуд ва қонеъсозанда, боздиди мавзеъҳои сайёҳӣ осон мешаванд. Тағйироти рақамӣ саноати сайёҳиро ба марҳалаи комилан дигари рушд мебарад ва муҳим аст, ки дар ин раванд таваққуф накунем.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 19.06.2024 №: 115
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)