ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ

ФУТБОЛ

19 июн 2024, Чоршанбе
18
0
Пирӯзии ҳаштуми пайиҳами “Истиқлол” дар Лигаи олӣ
15-16-уми июн бозиҳои даври даҳуми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд.
Дар бозии марказии давр «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тими КМВА-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳар ду голро дар нимаи дуюм ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов зад. Ин пирӯзии ҳаштуми пайиҳами чемпиони феълии Тоҷикистон дар мавсими имсола ба ҳисоб меравад. Дастаи Душанбе бо 24 хол дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дошта, ягона тимест, ки бохт надорад. КМВА, ки дар мавсими соли равон бори аввал ба бохт мувоҷеҳ шуд, бо 21 хол аз 10 бозӣ зинаи дуюмро касб кардааст.
Дар бозии дигари давр “Равшан”-и Кӯлоб дар меҳмонӣ “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро Бахтиёр Зарипов дар дақиқаи 15-ум зад. Дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” бо 17-холӣ мутаносибан дар ҷойҳои сеюму чорум мавқеъ гирифтаанд.
“Хуҷанд” дар майдони худ “Вахш”-ро бо ҳисоби 2:0, “Ҳосилот”-и Фархор “Истаравшан”-ро бо ҳисоби 3:1, “Эсхата”-и Хуҷанд тими “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 7:0 ноком карданд. “Барқчӣ”-и Ҳисор аз дастаи меҳмон – “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Бозиҳои даври охири марҳалаи аввал, 21-23-юми июн ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давр 21-уми июн КМВА – «Барқчӣ», «Кӯктош» – «Хуҷанд», 22-юми июн «Панҷшер» – «Эсхата», «Вахш» – «Ҳосилот», 23-юми июн, «Равшан» – «Истиқлол», «Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» вомехӯранд. 
 
Рустам Ятимов аз ин ба баъд дарвозаи “Ростов”-ро муҳофизат мекунад
Дарвозабони дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии кишвар Рустам Ятимов карйераи варзишиашро дар клуби футболи “Ростов”, ки дар Лигаи олии Россия бозӣ мекунад, идома медиҳад. 
Тавре хадамоти матбуоти клуби Душанбе иттилоъ додааст, “Истиқлол” ва “Ростов” ҷиҳати гузариши Рустам Ятимов созишнома ба имзо расондаанд. Маблағи гузариш беш аз 250 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Рустам Ятимов аз тобистони соли 2018 дар ҳайати “Истиқлол” аст ва дар ин муддат чемпиони чандкаратаи Тоҷикистон, ғолиби Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон гашта, ҳамроҳи даста то даври 1/8-финали Лигаи чемпионҳои Осиё баромадааст. Дарвозабони асосии тими миллии кишвар мебошад.
Бо натиҷагирии мавсими гузашта, Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабон ва беҳтарин футболбози соли Тоҷикистон гардид.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.06.2024 №: 115
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив