Шукрона
Барои Меҳани бо рангу бӯям
Ман он Шукронаи шукронагӯям.
Дар оғӯши диёри Сулҳу Ваҳдат,
Дурахшончеҳрае дар ҷустӯҷуям.
Китоби “Тоҷикон”-и миллати гурд,
Бигуфто, ки ман он мадюни ӯям.
“Фурӯғи субҳи доноӣ” ба ман дод,
Китобу хомаю рушду нумӯям.
Парастам Парчами созандаашро,
Чи хуш он парфишону рӯбарӯям.
Барои Меҳани бо рангу бӯям,
Ман он Шукронаи шукронагӯям.
Пайғом
Гарчанде ман майдаяк,
Мехонам дар синфи як.
Андар ду рӯзи хониш
Дониш гирифтам андак.
Кашидаам дар дафтар
Ман гурбаи алояк.
Аз сари соли хониш
Панҷам шуда қаторак.
Раҳбари мактаби мо,
Гуфто, ки ман донояк.
Муаллима ҳам бигуфт:
Ҳастӣ хеле балояк.
“Алифбо”-ро мехонам,
Буррояку равонак.
Иқбол муборак бод
Ман зодаи Истиқлол,
Афсонабари иқбол.
Бо марҳамату шодӣ
Шоиста шуда аҳвол.
Бо ваҳдати оламгир
Ҳамсояаму ҳамбол.
Созандагии миллат
Бинмуда маро хушҳол.
Бо ҳамсафарони хеш
Ман гашта зафарирсол.
Модар
Модари ман ҳунарманд,
Меҳрубон асту хурсанд.
Аз лафзи ӯ бирезад
Ҳам шакару басе қанд.
Дар корубори хона,
Маърифати ӯ баланд,
Ҳамешагӣ бидидам,
Дуогӯ шуд ба фарзанд.
Бо одоби ҳамида
Бо андарз асту бо панд.
Фардо шавам калон гар,
Шавам ба модар монанд.
Шукрона НУРОВА, ғолиби даври вилоятии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ноҳияи Айнӣ
Санаи нашр: 19.06.2024 №: 115
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)