ШОМИ ШАНБЕ
КИТОБ ХОНУ АЗ МАҲБАС ХАЛОС ШАВ!
Дар маҳбасҳои Бразилия барои хондани китоб муҳлати ҳабсро кам мекунанд. Агар маҳбус 10 китоб хонад, ҳукмаш 40 рӯз камтар мешавад. Ҳар як китоб метавонад 4 рӯз ҳукмро кам кунад.
Масъулон бар он боваранд, ки шахси китобхон ҷиноят намекунад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
МУВАФФАҚИЯТ
ҶОПОН – АМНТАРИН КИШВАРИ ҶАҲОН
Ҷопон яке аз кишварҳои амнтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар он кӯдакон дар 6-солагӣ танҳо ба мактаб мераванд. Онҳо худашон дар автобусҳо ва қатораҳо савор мешаванд. Зарурат намемонад ки волидон фарзандони худро 24 соат назорат кунанд, зеро дар Ҷопон бехатарӣ таъмин аст. Дар ин кишвар кӯдакон кулоҳи зард мепӯшанд, то волидайн онҳоро бишиносанд ва калонсолон низ ба онҳо кумак расонанд.
Сатҳи пасти ҷинояткорӣ дар Ҷопон аз он сабаб аст, ки барои ҷопониҳо шарманда шудан дар ҷомеа сахттар ва бадтар аз он аст, ки онҳо ба зиндон афтанд. Аз ин рӯ, ҷопониҳо ба ҷиноят ва корҳои ношоиста кам даст мезананд, то шармсор нашаванд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ХОНАЕ, КИ ЗЕБИ ТАМОШОСТ
Яке аз калонтарин хонаҳои дунё дар Ҳиндустон сохта шудааст, ки ба хонаи одӣ монанд набуда, бурҷи мураббаъро мемонад. Бино аз 27 ошёна иборат аст. Дар он Мукеш Амбани, сарватмандтарин марди Ҳиндустон, бо аҳли оилааш зиндагӣ мекунад. Баландии бино 173 метр ва масоҳаташ 37000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар нигоҳубини бино 600 нафар масъуланд. Он аз ҷониби меъморони ширкати «Perkins & Will» (Амрико) тарҳрезӣ шудааст. Дар бино 9 лифт, таваққуфгоҳ барои 168 автомобил, кинотеатри хонагӣ барои 50 бинанда, SPA-салон, толори балет, фитнес-клуб, чанд ҳавзи шиноварӣ ва боғҳои «муаллақ» мавҷуданд.
Таҳияи Кароматулло АТО
КИТОБ БАР ЗИДДИ СТРЕСС
Таҳқиқоти анҷомдодаи олимон исбот кард, ки китоб омили хубе бар зидди стресс мебошад. Нейробиологҳо мегӯянд, ки хондани китоб амали одӣ нест. Шинохту хондани ҳарфу ҳиҷову калимаҳо ва дарки матни азбаршуда ҳашт қисмати майнаи сарро ба кор дароварда, муносибати нейронҳоро фаъол менамояд.
Хониши китоб стрессро то 68 дарсад фурӯ менишонад. Ҳамчунин, китобхонӣ мушакҳоро суст ва набзи инсонро муътадил мегардонад. Онҳое, ки ба сифати дармон шунидани мусиқиро интихоб намуда буданд, стрессашонро то 61 дарсад ва касоне, ки чойнӯширо авлотар дониста буданд, то 54 дарсад фурӯ нишонда тавонистанду халос. Ҳамин тавр, сайругашт боиси 42 ва бозиҳои видеоӣ боиси 21 дарсад коҳиш додани стресс шуд.
Таҳияи Кароматулло АТО
БОВАР КАРДАН ДУШВОР, АММО...
Дар Маркази таҳқиқоти зеҳнии шаҳри Киев 9-уми сентябри соли 1989 Озмуни байналмилалии хонандаи тезсуръати ҷаҳон гузаронда шуд. Дар он Евгения Алексеенко (Украина) беш аз 416 000 калимаро дар як дақиқа хонда, ғолиб омад, ки рекорди ҷаҳонӣ ба ҳисоб мерафт. Евгения метавонист маҷаллаи миёнаҳаҷмро дар зарфи 30-40 сония хонад.
Таҳияи Кароматулло АТО
САРМОЯГУЗОРӢ БА ОЯНДАИ ФАРЗАНД
Сундар Пичайи ҳинду 29 сол қабл барои таҳсил дар Донишгоҳи Стэнфорди ИМА даъват шуд, аммо барои ба Амрико рафтан маблағи кофӣ надошт. Ин ҳолат падарашро бетараф нагузошта, бо маблағе, ки қариб баробари маоши яксолааш буд, чипта мехарад ва Пичайро барои идомаи таҳсил ба ИМА равон мекунад.
Маҳз дастгириву бузургии падар имкон медиҳад, ки Пичайи яке аз тоҷирони муваффақ ва директори генералии яке аз пешқадамтарин ширкатҳои ҷаҳон “Google” таъин гардад. Ҷавоне, ки замоне барои хариди чипта тангае надошт, соли 2022 маоши ӯ ба 226 миллион доллари ИМА баробар шуд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
БАРБЕРИНИ ФАУН
Муҷассамаи Барберини Фаун яке аз шоҳасарҳои санъати римӣ мебошад. Он дар Глиптотекаи Мюнхен, дар давлати Бавария нигоҳ дошта мешавад. Ин муҷассама тахминан соли 200-и пеш аз мелод сохта шуда, бинандаро бо ҳолате ки дар он нимхудои тасвиршуда дароз кашидааст, ба ҳайрат меорад. Муҷассама насаби итолиёии Барбериниро дар асри XVII мегирад. Мавзуи офаридани ин ҳайкал сатираи маст мебошад, зеро ҳайкалтарошони он замон тасвири ҳамроҳони худои шароб Дионисро дӯст медоштанд.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
10 НӮШИДАНИЕ, КИ КАСРО ҶАВОН НИГОҲ МЕДОРАД
Зери ин унвон рӯйхати даҳ нӯшокиро тартиб додем, ки на танҳо таъми аъло доранд, балки аз рӯи тадқиқоти илмӣ садди роҳи пиршавии зудро мегиранд.
10. ШАРБАТИ ЛАБЛАБУ
Шарбати лаблабу аз намакҳои кислотаи азотӣ ва антиоксидантҳои табиӣ бой аст ва шарбати ҳақиқии ҷавон мондан аст. Тадқиқоти олимон собит кардааст, ки шарбати лаблабу ба васеъшавии рагҳои хунгард, афзоиши гардиши хун ва мутаносибан беҳтар шудани таъминоти оксиген ба ҳуҷайраҳо мусоидат мекунад. Тадқиқот таъсири мусбати истеъмоли шарбати лаблабуро ба фаъолияти майна, инчунин, самаранокии онро дар пешгирии гипертония тасдиқ кардаанд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ЭЙНШТЕЙН ВА РОНАНДА
Алберт Эйнштейнро боре барои хондани лексия ба Англия даъват намуданд. Ронандааш дар роҳ ба ӯ гуфт:
- Ман медонам, ки шумо аз хондани лексия ва саволу ҷавобҳо баъзан хаста мешавед. Мехоҳам имрӯз ба ҷои шумо лексия хонам. Яъне, ман Эйнштейн мешаваму шумо ронандаи ман. Даҳҳо лексияи шуморо гӯш кардам, дар мавзуи “Назарияи нисбият” бисёр маълумот дорам!
Вақте, ронанда дар минбар лексия мехонд, дар сафи қафо профессорон нишаста буданд.
Маъруза хуб анҷом ёфт, вале дар охир яке аз профессорон аз ҷойи худ хеста, саволи мушкил дод. “Эйнштейн” табассум карда, бо боварӣ гуфт:
Саволи шумо то ба андозае одӣ аст, ки ронандаи ман метавонад ба он посух диҳад ва ҷониби “ронанда” ишора мекунад.
Таҳияи З. РАҶАБ
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
АҶИБ АСТ...
Ҳунарманди номвари амрикоӣ ва ҳам кинопродюсери шуҳратёр Брэд Питтро аксарият мешиносанд. Шояд медонанд, ки ӯ на як бору ду бор, балки панҷ маротиба сазовори «Оскар» шудааст. Аҷибтар аз ин, ду маротиба ҳамчун продюссер ҷоизаи мавриди назарро ба даст овардааст. Вале, яқинан кам касоне огоҳанд, ки дар Малайзия Брэд дар «рӯйхати сиёҳ» қарор дорад. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки малайзиягиҳо гаштугузори рекламавии автомобилҳои «Toyota»-ро бо расми ин актёри машҳур дар кишварашон мамнуъ эълон намуда буданд. Ба гуфти онҳо Брэд Питт ниҳоят зебо аст ва мардони маҳаллӣ дар сояи сурати ӯ худро «ноҳинҷор» эҳсос мекунанд.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МЕДОНАМ, ВАЛЕ НАМЕДОНАМ
Ман медонам, ки расо 264 сол пеш, аниқтараш яъне соли 1760 император Елизавета дар бораи манъи гирифтани пора аз ҷониби мансабдорон фармон дода буд. Вале намедонам, ки ҳамон фармонҷон то ҳол ба ҳукми амал даромадааст ё не?
Аз русӣ тарҷумаи Ф. РАҲМОНЗОДА
КОРРУПСИЯ БИНОИ НАВ МЕКӮЧАД
– Алло, типография?
– Бале.
– Ба мо 25 баннер даркор.
– Андозаашро гӯед, баъд маслиҳат мекунем.
– 1*1,5 м - 10 дона ва 0,5*1 м - 15 дона.
– Сифати олӣ ё миёна?
– Дар ҳуҷҷат олӣ, албатта.
– Хуб, тахмин 32 ҳазор мешавад.
– Фаҳмо. 45 ҳазор диҳам-чӣ?
– Чаро якбора 13 ҳазор зиёдатӣ?
– Зиёдатӣ не, ҷӯраҷон, идонаи янгаҳо пеш аз ид.
– Маслиҳат пухту мебахшед дар шиорҳо чӣ нависем?
– Ҳар чи мехоҳед. Хоҳиш ҳамин, ки тамоми суханҳо танҳо дар бораи мубориза бо коррупсия бошанд. Агентии мо бинои нав мекӯчад.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
ҚОНУНҲОИ ҶОЛИБ
ДАР РОҲ САҚИЧ ПАРТОФТАН – ҶИНОЯТ!
Фарҳанги кишварҳои ҷаҳон қоидаҳои зиёде доранд, ки метавонанд дар байни сайёҳон нофаҳмиҳо ба вуҷуд оранд. Масалан, агар дар Тайланд ё Сингапур дар пиёдагард сақич партоед, шуморо на танҳо ҷарима, ҳатто то ду сол зиндонӣ мекунанд. Дар Тайланд, инчунин, истифодаи сигорҳои электронӣ манъ аст. Ҷаримаи ҳадди аксар барои воридот ва истифодаи онҳо баробар ба 300000 сомонӣ мебошад. Дар Тайланд ва Сингапур берун аз минтақаҳои тамокукашӣ истифодаи сигор ҳудуди 6000 сомонӣ ҷарима дорад.
Дар Сингапур нӯшидани об дар нақлиёти ҷамъиятӣ мумкин нест. Мусофирон ҳамдигарро бояд нороҳат накунанд. Нӯшидани як ҷуръа об дар автобус ё метро метавонад, як мусофирро аз 3000 сомонӣ маҳрум кунад.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
КЛЕОПАТРА
Клеопатра дар 18-солагӣ маликаи Миср шуд ва 39 сол давлатдорӣ кард. Забондон буд ва тавре ки ривоят мекунанд, бо 9 забон, аз ҷумла, забонҳои қадимии мисрӣ, парфиянӣ, яҳудӣ, недеӣ, сирӣ, эфиопӣ ва арабӣ хуб ҳарф мезад.
Ин баёнгари он аст, ки ӯ истеъдоди хондани тамоми китобҳои дунёро дошт. Инчунин, фанҳои дигарро ба монанди география, таърих, нуҷумшиносӣ, дипломатияи байналмилалӣ, математика, химия, тиб, зоология, иқтисодро хуб медонист.
Таъсири ӯ ба илм ва тиб дар аввалҳои солшумории мелодӣ баҳои баланд гирифта буд ва ӯро ҳамчун шахсияти нотакрор дар таърихи инсоният ном мебаранд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ХАТАРНОКТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
ЭВЕРЕСТ, НЕПАЛ
Бисёр кӯҳнавардҳо баромадан ба Эверестро, ки бешубҳа, яке аз ҷойҳои хатарноктарин дар ҷаҳон аст, имтиҳони ниҳоии маҳорат ва ирода меноманд. Кӯҳи душворгузар 8849 метр баландӣ дорад.
Дар баландии 5000 метр ғафсшавии хун таҳдид мекунад, ки боиси сактаи дил, инсулт ва варами шуш, инчунин, камии оксиген боиси нафастангӣ ва сулфа мегардад. Баландии 8000 метрро «минтақаи мурда» меноманд, ки бе дастгоҳи оксиген зинда мондан ғайриимкон аст. Пайроҳаи танг ба қуллаи Эверест мебарад ва кӯҳнавардҳо баъзан чанд соат дар навбат меистанд. Ин интизориҳо сабаб мешаванд, ки чандин нафар барои фаромадан оксигени кофӣ надошта бошанд. Бо ин гуна сабабҳо тули 100 соли охир Эверест беш аз 300 нафарро куштааст.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
МОДАР
Аз модаре пурсиданд:
– Аз фарзандонат кадомашро бисёртар дӯст медорӣ?
Модар ҷавоб дод:
– То калон шавад, хурдиро, то шифо ёбад, беморро, то аз ғарибӣ баргардад, ғарибро, то ҷонам дар тан ҳаст, ҳамаашро дӯст хоҳам дошт.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
ПАРЧАМИ ОЛИМПӢ
Идеяи парчами олимпӣ, мисли дигар рамзҳо, аз ҷониби бунёдгузори Бозиҳои олимпии муосир Пйер де Кубертен пешниҳод шуд. Кумитаи байналмилалии олимпӣ парчамро соли 1914 тасдиқ кард. Он бояд дар Бозиҳои олимпии соли 1916 барафрохта мешуд, аммо Ҷанги якуми ҷаҳон монеи ин кор шуд. Парчам аз пораи латтаи сафеди андозааш 2х3 метр бо акси панҷ ҳалқаи олимпӣ иборат аст. Ранги сафед мафҳуми дӯстии миллатҳои сайёраи Заминро ифода мекунад.
Парчам бори аввал на дар олимпиада, балки дар Бозиҳои варзишии Миср, ки бо сарпарастии Кумитаи байналмилалии олимпӣ доир гардид, 5-уми апрели соли 1914 барафрохта шуд. Дар Бозиҳои олимпӣ парчам бори аввал соли 1920 парафшон гашт.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ДУ СУХАНИ КӮТОҲ
Аз Мансури Ҳаллоҷ пурсиданд: «Чаро қатлат мекунанд?»
Гуфт: «Худро Худо хондам ва намедонистам, ки ин мардум чи дили пурхуне аз Худо доранд».
* * *
Дар зиндагӣ бояд мисли риёзӣ бошем: дӯстонро ҷамъ, душманонро тарҳ, хушҳолиҳоро зарб ва муҳаббатро тақсим намоем.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ФОРСӢ
1. Забони форсӣ 1 аср пеш аз лотинӣ ва 12 аср пеш аз забони англисӣ пайдо шудааст.
2. Аз 10 шоири беҳтарини ҷаҳон 5 нафари онҳо форсизабон ҳастанд.
3. Забони форсӣ аз ҷиҳати фарогирӣ ва вожаҳои гуногун яке аз забонҳои пурқудрат ва бузургтарин дар ҷаҳон аст. Луғати аз ҳама машҳуртаринро Деҳхудо дар 18 ҷилд ҷамъ овардааст ва барои маънидод кардани ин луғатҳо боз 6 ҷилди дигар навиштааст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ПАНД
Шахсе, ки дили касеро меранҷонад, то подоши амал нагирад, намемирад.
* * *
Барои зинда мондан ду Хуршед лозим аст: яке дар осмон ва дигаре дар дил.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
Санаи нашр: 22.06.2024 №: 118
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)