ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПОЯИ ШУКУФОӢ

ПОЯИ ШУКУФОӢ

26 июн 2024, Чоршанбе
21
0
Ваҳдати миллӣ волотарин неъмат барои ҳар халқу миллат ба ҳисоб рафта, дар заминаи арзишҳо ва унсурҳои муштараки фарҳангӣ ва ормонҳои ягона ба вуҷуд меояд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолият ба сифати Сарвари давлат изҳор намуданд: “Ман ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам”. Ин суханон аз ояндаи неки кишвар башорат медод. 
Тайи солҳои охир Тоҷикистон ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як давлати пешрафта табдил ёфта, рушду нумуи он дар тамоми соҳаҳо мушоҳида мешавад. 
Вале, ин ҳама ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мардум аз тарси ҷон фирорӣ гашта, сарваре зарур буд, ки Ватанро идора карда, тоҷиконро мутаҳҳид созад. Ва ин мард, чеҳраи таърихиву мондагор Эмомалӣ Раҳмон гашт. Сарвари давлати мо тавонист, ки аз ҳар гӯшаву канори дунё тоҷиконро сарҷамъ созаду баҳри шукуфоии диёр хизматҳои шоёне анҷом диҳад. Ҳоло Тоҷикистон ба шарофати ин шахсияти воломақом дар байни давлатҳои абарқудрат ба по устувор буда, ба кишварҳои рӯ ба инкишоф дохил шудааст. 
Пешвои миллат бо ёдоварӣ аз таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдат, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон таъкид доштаанд: “Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ – 27-уми июни соли 1997 – барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад”. 
Ваҳдати миллӣ ба мо шодиву фараҳ овард. Он чун нӯшдоруе ба ҷисму ҷонҳои хаста руҳу тавон бахшид. Имрӯз самарашро мушоҳида мекунем. 
Шукрона мегӯем, ки имрӯз Тоҷикистон на танҳо ободу зебо мегардад, балки дар пешрафту нашъунамо қадамҳои устувор гузошта истодааст. Албатта, ин ҳама аз самари ин санади тақдирсоз аст. 
 
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.06.2024 №: 122
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив