ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. АЗ ВАҲДАТ ТО САОДАТ

СУҒД. АЗ ВАҲДАТ ТО САОДАТ

26 июн 2024, Чоршанбе
19
0
Мардуми азизи кишвар бо як эҳсосот, самимияти хосса ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ омодагӣ дорад. Ҷиҳати истиқбол ва тантанаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳама шаҳру навоҳии вилояти Суғд иқдомҳои созандагӣ баҳри боз ҳам обод кардану хуррамгардонии Меҳан идома доранд.
– Хурду калони ҳар рустову шаҳраку шаҳрҳои вилоят муҳим будани ваҳдати миллиро хуб дарк кардаанд. Ба назари ман, аз бузургтарин дастовардҳои кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин, албатта, сулҳу субот, муттаҳидӣ, сарҷамъии мардуми ҳамаи манотиқи ҷумҳурист, – мегӯяд сокини шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат Баҳриддин Аҳмедов. 
– Маҳз бо талошу азхудгузаштанҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сар то сари Тоҷикистон сулҳу салоҳ, ҳамдилию ҳамраъйии мардум таъмин шуда, ба ин васила, Ватани азизамон дар ҳамаи самтҳои ҳаёт бо боварӣ пеш меравад. Аҳолии ҷумҳурӣ ба фардои боз ҳам дурахшон эътимоди комил дорад. Имрӯз бо баракати ваҳдати миллӣ ҳамаи манотиқи Ватан ободу зебо мешавад, мушкилиҳои иқтисодӣ марҳала ба марҳала ҳалли худро меёбанд. 
Ба хотири истиқболи сазовори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар вилоят зиёда аз 12 ҳазор иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд ёфта, барои даҳҳо ҳазор нафар сокинони шаҳру навоҳӣ ҷойҳои нави корӣ муҳайё мешаванд, – иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд. 
– То расидани зардолуи боғоти мо дастархони мардуми шимоли мамлакат аз меваҷоту сабзавоти манотиқи ҷануби кишвар баҳраманд шуданд ва ин додугирифт солҳои охир миёни боғдорону сабзавоткорони ду минтақа авҷ мегирад, ки ин нишони олии ваҳдат ва дастгирии ҳамдигарӣ аст. Пояҳои дӯстиву рафоқат, иттиҳоду ваҳдат ҳам аз чунин амалҳо таҳким меёбанд. Чунин як муҳити созу фазои мусоиди ҳамдиливу ваҳдат дар ҳамаи гӯшау канори ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Суғд, бармало ба мушоҳида мерасад, – мегӯяд Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори раёсати идораи кишоварзии вилоят. 
 – Имрӯзҳо гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳои ободу сарсабз ва гулафшону гулпӯши шаҳри куҳан, шаҳри тоҷирону соҳибкорони муваффақ – Истаравшан бисёр гуворост. Танҳо дар ду-се соли охир шаҳр ба макони сохтмон табдил ёфтааст. Чунин бунёдкориҳо, ба андешаҳои пирони кор, дар ягон давру замон набудааст ва ин ҳама натиҷаи дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмии ҳамаи халқу миллатҳо мебошад. Сатҳи худшиносиву ватандӯстии соҳибкорони маҳаллӣ боло рафтааст. Соҳибкоре маркази савдо бунёд мекунаду дигаре коргоҳи хурди тавлидотӣ, сеюмӣ бошад, кӯдакистон. Бо ин амалу иқдомҳои хеш эшон саҳми худро дар рушди ҳамаи соҳаҳо мегузоранд, – бо қаноатмандӣ мегӯяд Адҳам Маъмурзода, раиси ин шаҳри бостонӣ.
Соҳаи маориф, ки аз ҷумлаи муҳимтарин сарчашмаҳои худшиносиву ваҳдат аст, хушбахтона, дар фаъолияти Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҷараёни сафари кории хеш ба ҳар манотиқи мамлакат ҳамеша таъкид бар он мекунанд, ки соҳаи маориф бо дарназардошти муҳимият дар бақои давлату давлатдорӣ, доимӣ дар мадди назари роҳбарияти давлат буда, дар ин самт ғамхорӣ хоҳад шуд. Аз ҷумла, Сарвари давлат таъкид намуданд: “Ба сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ расондани соҳаҳои илму маориф, тарбия кардани насли ояндасоз ва кадрҳои замонаи нав вазифаи имониву виҷдонии ҳар яки мо мебошад”. Ҷиҳати роҳандозии ин дастуру супоришҳои Роҳбари кишвар дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Ашт, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен боз даҳҳо синфхонаҳои иловагию мактабҳои нав бунёд мегарданд ва дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ қисме аз онҳо ба истифода дода мешаванд.
Бешубаҳа, имрӯз шиори ҳар соҳибкори ватанӣ ин “Ватан ба ман не, ман ба Ватан чи медиҳам” шудааст. 
Зайлобиддин Мақсудҷонов аз ноҳияи Ашт яке аз муваффақтарин соҳибкорони вилоят ба шумор рафта, барои ободии диёраш талош меварзад, мактабу корхона месозаду боғ бунёд мекунад. 
– Солҳост, ки берун аз Ватан дар бахшҳои гуногун фаъолияти соҳибкорӣ дорам. Мушоҳида менамоям, ки чи тавр дар хориҷи кишвар иқтисодиёту иҷтимоиёт рушд мекунад ва ин ҳолатҳо маро ҳамчун як ватандӯст водор месозад, то дар пешрафти самтҳои гуногуни меҳанам аз худ як нишонае гузорам. Мо бояд аз ин тинҷиву амонӣ ва ваҳдати миллие, ки ҳукмрон аст, шукргузорӣ кунем ва ҳамеша дар паҳлуи Пешвои миллат бошем, – мегӯяд Зайлобиддин Мақсудҷонов. 
Ваҳдат, бешубҳа, асоси ҳама пешравиҳо, тинҷию амонӣ, сарбаландию муваффақиятҳо ва нерумандии кишвар аст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвари маҳбубамон бояд дар таҳкими ваҳдати миллӣ саҳм гузорад ва онро ҳифз намояд.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.06.2024 №: 122
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив