ҚАДРДОНИИ ИДОНА. САФИ АЪЛОЧИЁНИ “ҶУМҲУРИЯТ” АФЗУД
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” 99-умин соли нашрашро бо навидҳои фараҳбахш оғоз кард. Аз ҷумла, 7 корманди эҷодии ҷарида бо унвонҳои Аълочии фарҳангу матбуоти Тоҷикистон ва ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг қадр шуданд. Мудири шуъбаи иқтисод Сайфулло Ашуров ва Суннати Содиқ, мухбири мо дар минтақаи Кӯлоб – Аълочии матбуоти Тоҷикистон, сармутахассисон Нигинаи Раҳмон – Аълочии фарҳанг, Ташрифулло Саъдуллоев, Маҳмуд Мирзоён, Комрон Сафар ва Мавлуда Одинаева бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг сарфароз гардиданд.
– Дар рӯзи таъсисёбии рӯзнома, яъне 15 март қадр шудани аҳли қалам бисёр рамзӣ аст, зеро нашрияи мо дар давоми фаъолияти қариб якасраи хеш ҳомӣ ва пешбарандаи аслии сиёсати давлат, созандаи таъриху тамаддун ва сабткунандаи воқеаву ҳодисаҳои муҳимтарини ҷомеа будааст. Бовар дорам, ки ин ҳама эътироф ва қадрдонии Вазорати фарҳанг ҳамкорони мо, бахусус қаламкашони ҷавонро руҳбаланд карда, ба корномаҳои боз ҳам мондагортар ҳидоят менамояд, – изҳор дошт Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзнома.
Дар ҷаласаи тантанавӣ, ки аз таърихи пуршарафи рӯзнома қисса мекард, собиқадорони фарҳангу адаб ва журналистикаи тоҷик Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷонибеки Асрориён, номзади илмҳои таърих, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Субҳиддин Шамсиддинзода, директори АМИТ “Ховар” иштирок ва суханронӣ карданд.
Абдулҳамид Самад, ки солҳои 80-ум то имрӯз аз кормандони содиқи рӯзнома маҳсуб меёбад таассуроташро чунин баён дошт: “Ин даргоҳ ҳамеша оғозгоҳи воқеаҳои фараҳбахшу таърихии миллат будааст. Шуруъ аз сабти эъломияи кишвари ҳафтумини шуравӣ таъин шудани Тоҷикистон дар соли 1924 то эъломияи Истиқлоли давлатӣ дар саҳифаҳои “Ҷумҳурият” сабт аст. Ҳоло ба зиммаи ҷавонони идора масъулияти бузург ниҳодаанд. Дар ҷаҳоне, ки вазъ ҳамеша тағйирёбанда ва пешгӯинашаванда аст, дарёфтани ҳақиқат ва таҳлилу интиқоли иттилооти дурусту воқеӣ зиракиву дурандешӣ мехоҳад. Диламон пур аст, ки дар ин ҷода хомакашони рӯзнома муваффақ мешаванд ва солгарду идҳои бисёрро дар фазои осудаву озод ҷашн мегиранд”.
Қурбоналӣ Раҳмонзода дар ин рӯзи хуҷаста паём расонд, ки ба ифтихори садумин солгарди рӯзнома чопи китобҳои “Ҷумҳурият” ва истиқлол” ва “Қомуси “Ҷумҳурият” дар назар аст. Нашри чунин маҷмуаҳо барои боз ҳам равшан кардани нақши ин ҷарида дар таъриху тамаддуни миллат бисёр муҳим мебошад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
P.S. Аз номи аҳли эҷоди рӯзнома ба роҳбарияти Вазорати фарҳанг, хоссатан муаллимаи муҳтарам Зулфия Давлатзода барои қадршиносии идонаашон аз коргарҷавонони мо изҳори сипос менамоем.
Санаи нашр: 17.03.2023 №: 57 - 58