ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАВЗЕҲОТ ОИД БА АМАЛӢ НАМУДАНИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 9-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2024, № 671

ТАВЗЕҲОТ ОИД БА АМАЛӢ НАМУДАНИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 9-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2024, № 671

01 июл 2024, Душанбе
45
0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намудаанд.
 
Дар робита ба ин, моҳи декабри соли 2023 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ  супориш доданд, ки аз 1-уми январи соли 2024 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони онҳо, инчунин аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ, нафақа ва стипендия зиёд карда шавад.
Бо мақсади амалӣ намудани дастури мазкур, 9-уми январи соли 2024 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба имзо расид.
Мутобиқи фармони мазкур, аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна, аз ҷумла муаллимони мактабҳои таҳсилотии умумӣ аз синфи 1-ум то 11-ум, литсейҳо, гимназияҳо, ҳамаи мактаб-интернатҳо, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона, ба андозаи 40 фоиз зиёд мешавад.
Ҳамзамон, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, коллеҷҳо, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, маоши вазифавии кормандони соҳаи илм ба андозаи 40 фоиз зиёд мегардад.
Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 40 фоиз зиёд гардида, пардохти он аз рӯи Дастурамал оид ба тартиби таъин ва пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Дар баробари ин, музди маоши кормандони соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, осоишгоҳҳо, литсей-интернати касбии махсуси маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва дигар муассисаҳои соҳа ба андозаи 40 фоиз зиёд мешавад.
Дар асоси фармони мазкур, маоши вазифавии кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, клубҳо, театрҳо, матбуоти даврӣ ва нашрияҳо низ 40 фоиз меафзояд.
Бо мақсади ҷалби мутахассисони болаёқат ба хизмати давлатӣ, андозаи маоши заминавӣ барои мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот 40 фоиз зиёд мегардад.
Мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми январи соли 2024, № 671, «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар гардид. Ҳамчунин, стипендияҳои амалкунанда, аз ҷумла стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбию илмӣ, стипендияи давлатӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ 40 фоиз боло бурда мешавад.
Мутобиқи фармони мазкур, аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия ( ва ё зиёд) мешаванд.
Таъмини маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ шуда, барои ин мақсад беш аз 2 миллиард сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона мегардад.
Санаи нашр: 01.07.2024 №: 123
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив