ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН

МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН

03 июл 2024, Чоршанбе
9
0
 
2-юми июл баррасии масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи сарварони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр – Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ва ҳайати расмии ин кишварро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
– Мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом хеле муҳим медонем. Аз ин рӯ, алоқаманди таҳкиму тавсеаи ҳамкории худ бо кишвари бародари Покистон ҳастем, – таъкид доштанд дар оғоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 
Дар вохӯрӣ фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ ва маҷмуи масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамаҷонибаи пайвандҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Покистон муҳокима гардид.
Зимнан, ҷонибҳо хоҳони густариши бештари робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, бахшҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъдан ва кишоварзӣ, шуданд.  
Ҳамчунин, мусоҳибон бо мақсади вусъати ҷанбаҳои дигари ҳамкорӣ баргузории ҷаласаи гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, энергетика, Шурои муштараки соҳибкорон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон ва таъсиси Шурои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишварро зарур донистанд.
Ҷонибҳо зимни баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика татбиқи саривақтии лоиҳаи CASA-1000-ро пайвандгари воқеии кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ номиданд.
Дар идомаи мулоқот масъалаи дастрасӣ ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва бандарҳои ҷаҳонӣ, хусусан роҳҳо ва бандарҳои обии Покистон, матраҳ шуда, ҷонибҳо ба амалисозии лоиҳаҳои пайвастшавии ду кишвари дӯст тавассути роҳҳои мошингарду оҳан диққати зиёд доданд.
Рушди ҳамкории дуҷониба дар самти логистика ва баррасии имкониятҳои таъсиси марказҳои логистикӣ дар яке аз минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон ва шимоли Покистон ба манфиати кор дониста шуд. 
Густариши робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф, ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯён, рушди муносибатҳои фарҳангию башардӯстӣ ва тандурустӣ аз масъалаҳои дигари музокироти сатҳи олӣ буд.
Ҷонибҳо оид ба раванди ташвишовари бесубот гардидани вазъи ҷаҳон, осебпазир шудани низоми амнияти байналмилаливу минтақавӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ табодули андеша намуданд.
Аз ҳамкории пайвастаи Тоҷикистону Покистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ шуд.
Ба кишвари дӯсти Покистон ҷиҳати пуштибонии доимӣ аз ташаббусҳои муҳими Тоҷикистон дар ҷодаи об ва иқлим изҳори миннатдорӣ гардид.
Дар рафти мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
 
 
МАРОСИМИ ИМЗОИ  САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН 
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардида, дар ҳузур ва бо иштироки Пешвои миллат ва Сарвазири Покистон нуҳ санади муҳим ба имзо расид.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ба изҳороти муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон аз натиҷаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон имзо гузоштанд.
Сипас, санадҳои зерин ба имзо расиданд:
– Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон барои солҳои 2025-2026;
– Протоколи нияти ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати федералии корҳои баҳрии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи густариши ҳамкорӣ дар содирот ва воридоти молҳо ва маҳсулоти саноатӣ;
– Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Покистон;
– Харитаи роҳ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Исломии Покистон;
– Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ;
– Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Душанбе, Тоҷикистон) ва Донишгоҳи Панҷоб (Лаҳор, Покистон);
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Федератсияи крикети Тоҷикистон ва Шурои крикети Покистон. 
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти Тоҷикистону Покистонро неку самарабахш арзёбӣ намуданд.
Сарвазири Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд, ки аз Покистони дӯст боздид намоянд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки бо камоли сарфарозӣ аз ин даъват истифода хоҳанд кард.


Санаи нашр: 03.07.2024 №: 125
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив