САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН
3-юми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
3-юми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар вохӯрии сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони Фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, афсарони қаровули фахрӣ саф оростанд.
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҚОСИМ-ЖОМАРТ ТОКАЕВ
3-юми июл дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии СҲШ ва мавзуоти алоҳидаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимӣ ва имкони дидору мулоқот изҳори сипос карданд.
Дар вохӯрӣ масоили рушду инкишофи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёти ҳавоӣ ва амният матраҳ гардиданд. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи фаъолияти ҳамоҳанг дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иброз доштанд.
Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе аз масъалаҳои дигари мулоқот буд.
Ҳангоми суҳбат ҷараёни кор дар соҳаи рақамикунонӣ ва масъалаи ҷудо кардани бурсияҳо барои тайёр намудани мутахассисони тоҷик дар соҳаи технологияи иттилоотӣ баррасӣ гардид. Мусоҳибон, инчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Санаи нашр: 04.07.2024 №: 126
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)