ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОЛИМПИАДАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. КОМЁБИҲОИ ТОЛИБИЛМОНИ КИШВАР СОЛ БА СОЛ БЕШТАР МЕГАРДАНД

ОЛИМПИАДАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. КОМЁБИҲОИ ТОЛИБИЛМОНИ КИШВАР СОЛ БА СОЛ БЕШТАР МЕГАРДАНД

05 июл 2024, Ҷумъа
18
0
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle», ки аз 23 то 30-юми июни соли равон дар пойтахти Англия – шаҳри Лондон доир шуд, соҳиби 41 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Тавре Хуршед Мавлонов, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илм иттилоъ дод, имсол Олимпиада аз фанни забони англисӣ аз рӯйи се категорияи синнусолӣ ва ду номинатсия байни хонандагони синфҳои 3-11 сурат гирифт. Дар он  аз Тоҷикистон 46  хонанда аз муассисаҳои гуногуни таҳсилоти миёнаи умумӣ ширкат варзид.
Аз рӯйи номинатсияи «Малакаҳои қабулкунӣ» (шунавоӣ ва хониш) як ҷойи якум,  12 ҷойи дуюм ва 12 ҷойи сеюм, дар номинатсияи «Малакаҳои истеҳсолӣ» (гуфтугӯӣ ва маҳорати навиштан) 2 нафар ҷойи якум,   5 кас соҳиби ҷойи дуюм шуда, 9 хонанда сазовори мақоми сеюм гардид.
Ҳамзамон, аз 25 то 30-юми июн дар шаҳри Анталияи Туркия Олимпиадаи байналмилалии математикии наврасони Балкан «JBMO-2024» баргузор гашта, толибилмони Тоҷикистон чор ҷои дуюму ду мақоми  семро гирифтанд. 
Дар Олимпиада хонандагони зиёда аз 20 давлат, аз ҷумла Фаронса, Туркия, Хорватия, Сербия, Албания, Руминия, Македония, Югославия, Босния ва Ҳерсоговина, Черногория, Молдавия, Юнон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Булғористон, Озарбойҷон, Филиппин ва Кипр иштирок намуданд. 
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.07.2024 №: 127
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив