ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САРФАРОЗГАРДОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ОРДЕНИ ДӮСТӢ

САРФАРОЗГАРДОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ОРДЕНИ ДӮСТӢ

08 июл 2024, Душанбе
20
0
 
5-уми июл, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, дар Қасри миллат бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар маросими сарфарозгардонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин – ордени Дӯстӣ баргузор гардид.
 
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Мардумии Чин "Дар бораи мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии давлатӣ" барои саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсола дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени Дӯстӣ сарфароз шуданд. 
Мукофоти олиро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин тақдим намуд.
Муҳтарам Си Ҷинпин нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими муносибатҳои накуи ду кишвари дӯсту бародар ва дар сиёсатҳои минтақавию ҷаҳонӣ боризу барҷаста номида, таъкид дошт, ки ба ин хотир бори аввал дар таърихи давлатдории Чин ин мукофоти олии давлатӣ – ордени Дӯстӣ, берун аз кишвар тақдим мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадрдонии хизматҳо ва сарфароз гардондан бо мукофоти олӣ ба Роҳбари кишвари дӯсту ҳамсоя самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мукофотро, қабл аз ҳама, подоши саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин арзёбӣ карданд.
Зикр шуд, ки равобити давлатҳо дар сатҳи баланди ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтирому дастгирии байниҳамдигарӣ қарор доранд ва Тоҷикистон омода аст, ки ҷиҳати пешбурди пайгиронаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Чин мутобиқ ба манфиатҳои мардумони ду кишвар минбаъд низ талошҳои муштарак ба харҷ диҳад.
 
Санаи нашр: 06.07.2024 №: 128
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив