ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ДӮСТӢ БА ИСТИҚБОЛИ РАИСИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН СИ ҶИНПИН

ШОМИ ДӮСТӢ БА ИСТИҚБОЛИ РАИСИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН СИ ҶИНПИН

08 июл 2024, Душанбе
15
0
 
Бегоҳии 5-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин, ки бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, дар қароргоҳи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо самимияти хосаш ба маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.
 
Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмони олимақом, Роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон Си Ҷинпин дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.
Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басе шоду мамнун шуданд.
Роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон муҳтарам Си Ҷинпин бо намоиши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ, ки дар деҳкадаи бӯстонсаро омода гашт, шинос шуда, таассуроти нек бардоштанд.
 
Санаи нашр: 06.07.2024 №: 128
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив