ИФТИТОҲИ БИНОҲОИ ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
5-уми июл дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин дар фазои тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ расман ба фаъолияти ду иншооти муҳташаму муосир – Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳусни оғоз бахшиданд.
Зимни суханронӣ дар назди иштирокдорони чорабинӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони Маҷлиси Олӣ ва ҳайати кормандони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин муносибати хотирмон табрик гуфта, аз таърихи оғози бунёди иншооти нав ёдовар шуданд.
Таъкид гардид, ки сохтмони маҷмааи биноҳои мазкур, ки намои онҳо бо истифодаи унсурҳо ва нақшу нигори миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудааст, дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсояи бузурги мо амалӣ шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар биноҳои замонавӣ барои фаъолияти ду мақомоти калидии ҳокимияти давлатии кишвари мо – Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шароити беҳтарини корӣ фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ин биноҳо ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, ҳусну таровати нав бахшида, симои онро боз ҳам зебову рангин менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба бинокорону меъморон ва муҳандисону коргарон, ки дар бунёди маҷмаа саҳми арзанда гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуданд.
Президенти кишвар иброз доштанд, ки ин маҷмааи биноҳои бо дастгирии муҳтарам Си Ҷинпин бунёдгардида, дӯстии пойдор, руҳияи рафоқат ва муносибатҳои неки ҳамсоягии мардумони Тоҷикистону Чинро инъикос мекунад.
Дар фароварди суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои дастгириҳои доимӣ аз раванди рушду пешрафти давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ва саҳми муассир дар бунёди маҷмааи биноҳои Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона изҳори миннатдорӣ карданд.
Дар маросими ифтитоҳи расмии биноҳои боҳашамати Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сухан ронда, ҳозирин ва мардуми кишварро бо ин рӯйдоди хотирмони таърихӣ табрику таҳният гуфтанд ва ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва мардуми ҳамсоякишвари бузург барои ин кумаки пурарзиши беғаразона арзи сипосу қадрдонӣ намуданд.
Сипас, сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин бо шароити корӣ дар бинои Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ ба сарварони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки дар рафти сохтмон беш аз 1500 коргари маҳаллӣ ва мутахассисони чинӣ аз 5 ширкати сохтмонӣ иштирок кардаанд.
Бинои Парлумон дар хиёбони Рӯдакӣ қомат афрохта, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо бунёд гардидааст.
Баландии бинои асосӣ 49,7 метр буда, бо гунбазаш 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати бинои Парлумон 43 ҳазору 750 метри мураббаъ мебошад.
Дар ошёнаҳои бинои Парлумон толори маҷлисҳои якҷоя бо 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаҳои болоӣ ва поёнӣ ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгиранд.
Биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи унсурҳои миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва нақшу нигори мувофиқ бунёд гардиданд. Ҳуҷраҳо, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ оро ёфтаанд.
Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад.
Масоҳати қитъаи замини маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15-ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13-ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо доман густурдаанд.
Дар ошёнаҳои бино ҳуҷраҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату сохторҳои зертобеи он, толор барои ҷаласаҳои Ҳукумат бо 150 ҷойи нишаст, толорҳои дорои 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои кор, толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, се маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, матбаа, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳо сохта шудаанд. Баландии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.
Баъди шиносоӣ бо шароити биноҳои Парлумону Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба кори босифати бинокорон баҳои баланд доданд.
Биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи муносибатҳои судманду самимии сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин ба истифода дода шуданд, метавон намунаи олии ҳамкории ду кишвар номид.
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)