ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

09 июл 2024, Сешанбе
105
0
Дар бораи иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Номи маҳалҳои аҳолинишини зерини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иваз карда шаванд:
1) дар шаҳри Истаравшан:
- деҳаи Бафоии деҳоти Гули Сурх ба деҳаи Вафоӣ;
- деҳаи Саричияки деҳоти Қалъачаи Калон ба деҳаи Саричак;
2) дар шаҳри Панҷакент:
- деҳаи Киштудаки Поёни деҳоти Ёрӣ ба деҳаи Киштудаки Пойин;
- деҳаи Сойи Вешисти деҳоти Ёрӣ ба деҳаи Нови Вешист;
- деҳаи Уртақишлоқи деҳоти Саразм ба деҳаи Миёндеҳ;
- деҳаи Ғезани поёни деҳоти Моғиён ба деҳаи Ғезани Пойин;
- деҳаи Майдони Моғиёни деҳоти Моғиён ба деҳаи Моғиёнмайдон;
- деҳаи Рашнаи поёни деҳоти Шинг ба деҳаи Рашнаи Пойин;
- деҳаи Ҳушёрии деҳоти Шинг ба деҳаи Ҳушор;
3) дар ноҳияи Ашт:
- деҳаи Ашти Поёни деҳоти Ашт ба деҳаи Ашти Пойин;
- деҳаи Каттасарқамиши деҳоти Ифтихор ба деҳаи Найистон.
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 523
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини 
Дашти Хорзори деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб ва иваз 
намудани номи он, инчунин иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Варзоб
Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9, 17 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Маҳалли аҳолинишини Дашти Хорзори деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб ба категорияи деҳа мансуб дониста шуда, номи он ба Некобод иваз карда шавад.
2. Номи маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Варзоб иваз карда шаванд:
- деҳаи Тошбулоқи деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ба деҳаи Наврӯзчашма;
- деҳаи Пурзабади деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ба деҳаи Пурзавот;
- деҳаи Бегари деҳоти Варзобқалъа ба деҳаи Беғар;
- деҳаи Косатароши поёни деҳоти Лучоб ба деҳаи Косатароши Пойин.
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 524
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Файзобод ва номгузорӣ намудани онҳо, инчунин иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Файзобод 
Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9, 17 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Файзобод ба категорияи деҳа мансуб дониста шуда, номгузорӣ карда шаванд:
- маҳалли аҳолинишини Оби Файзободи деҳоти Меҳробод ба деҳаи Оби Шифо;
- маҳалли аҳолинишини Дараи аловаки деҳоти Ҷавонон ба деҳаи Дӯстӣ;
- маҳалли аҳолинишини ҳудуди деҳаи Кӯлобиёни деҳоти Чашмасор ба деҳаи Истиқлол;
- маҳалли аҳолинишини ҳудуди деҳаи Тахтиалифи деҳоти Чашмасор ба деҳаи Меҳргон;
2. Номи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Файзобод иваз карда шаванд:
- деҳоти Вашгирд ба деҳоти Баҳор;
- шаҳраки Файзобод ба шаҳраки Вашгирд;
- деҳаи Қанғелии деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев ба деҳаи Зарнисор;
- деҳаи Ҷавонони деҳоти Ҷавонон ба деҳаи Хуҷамард.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 525
Санаи нашр: 09.07.2024 №: 129
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив