ҶУДО

09 июл 2024, Сешанбе
11
0
Муваффақияти паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Алмаато
4-7-уми июл дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон доир гашт, ки паҳлавонони мо 3 медал – 2 тилло, 1 биринҷӣ – ба даст оварданд.
Дар мусобиқа ҳудуди 700 варзишгар аз 9 давлат, аз ҷумла аз ҷумҳурии мо 49 нафар – 19 нафар миёни наврасон ва 30 нафар миёни ҷавонон – ширкат доштанд.
Медалҳои тиллоро Лоиқ Қутбиддинов (60 кг) миёни наврасон ва Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) миёни ҷавонон сазовор шуданд. Медали биринҷиро миёни наврасон Абубакр Абдуҷалилзода (-73 кг) гирифт.
 
 
ФУТЗАЛ
Тими футзали Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошкент ширкат мекунад
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов, ҷиҳати омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024, дар Мусобиқаи байналмилалии дӯстона ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов, ки 19-24-уми июл дар Тошкент баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Дар мусобиқа, ҳамчунин, мунтахабҳои Ӯзбекистон, Гватемала ва Қирғизистон иштирок намуда, дар як давр бозӣ мекунанд. Сипас, дастаҳое, ки ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, дар финал вомехӯранд. Ду дастаи дигар барои медали биринҷӣ рақобат менамояд.
Бояд гуфт, ки барои тими миллии футзали Тоҷикистон ширкат дар мусобиқа ба хотири Мираброр Усмонов як давраи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 маҳсуб меёбад, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон - 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» баромад мекунад. Ҳарифони дастаи мо мунтахабҳои Марокаш (16 сентябр), Португалия (19 сентябр) ва Панама (22 сентябр) мебошанд.
 
 
 
ФУТБОЛ
Мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи «King’s Cup 2024» даъват шуд
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо даъвати Ассотсиатсияи футболи Тайланд дар рӯзҳои FIFA моҳи октябр дар 50-ум Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup», ки дар Тайланд баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Барои дарёфти ҷоиза чор тими миллӣ: Тоҷикистон, Тайланд, Сурия ва Филиппин мубориза мебаранд.
Тибқи низомнома аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ду ҷуфти даври нимниҳоиро ташкил карда, ғолибон дар финал ва мағлубшудагон барои ҷойи сеюм вомехӯранд. Мусобиқаи «King’s Cup 2024» аз 10 то 15-уми октябр дар Тайланд баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки ду сол пеш тими миллии Тоҷикистон барандаи Мусобиқаи «King’s Cup» шуда буд. Он замон дар бозии ҳалкунанда тими мо дар силсилаи пеналтӣ бар мунтахаби Малайзия бо ҳисоби 3:0 (вақти асосӣ – 0:0) пирӯз гашт.
 
 
ТАЕКВОНДО
Мунира Абдусаломова дар Корея медали нуқра гирифт
Узви дастаи мунтахаби таеквондои Тоҷикистон Мунира Абдусаломова, ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024, дар Ҷумҳурии Корея ба тамринҳои дастаҷамъонаи 30-рӯза фаро гирифта шуд.
Дар рафти тамринҳо Мунира дар 3 мусобиқаи рейтингӣ иштирок хоҳад кард. Ӯ, аз ҷумла дар мусобиқаи рейтингӣ - Фестивали байни донишгоҳҳо, ки 5-7-уми июл дар шаҳри Даегуи Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойи 2-юм шуд. Мунира дар финал аз Палома Гарсиаи мексикоӣ мағлуб гашт.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.07.2024 №: 129
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив