ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТАРАВШАН. ШАҲРИ ҲУНАРУ ТИҶОРАТ

ИСТАРАВШАН. ШАҲРИ ҲУНАРУ ТИҶОРАТ

10 июл 2024, Чоршанбе
19
0
Ҳайати Комиссияи кории Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ, бо сарварии Сампат Эрахапола, ноиби котиби генералии Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ, масъули минтақаи Осиёи Ҷанубӣ (Шри-Ланка) ва Айдархан Кулиев, ноиби роҳбари Шурои ҳунармандон дар минтақаи Осиёву уқёнуси Ором, масъули Осиёи Марказӣ (Қазоқистон)  баъди мулоқот бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоии наздик бо таърихи рушди ҳунармандии халқӣ ба шаҳри бостонии  Истаравшан сафар карданд.
 
Зимни мулоқот   раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода меҳмононро ба диёри куҳанбунёд хайрамақдам гуфта, барои арзёбии мусбати ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан роҷеъ ба эътирофи шаҳри ҳунармандӣ изҳори сипос баён намуд.
Таъкид гардид, ки Истаравшан тули ҳазорсолаҳо дар масири Шоҳроҳи бузурги Абрешим арзи ҳастӣ дошта, дар минтақа аз шаҳрҳои қадима маҳсуб меёбад. Сокинони ин шаҳр, асосан, бо ҳунармандию тоҷирӣ, кишоварзию чорводорӣ машғул буда, тули садсолаҳо аҳолии маркази шаҳр, асосан, бо ҳунармандӣ ном баровардаанд ва, аз ин лиҳоз, минтақабандии маркази шаҳри Истаравшан ба гузарҳо тақсим гардида, ҳар гузар бо номи ҳунаре пайванд аст, ба мисли гузари чармгарон, собунгарон, кордгарон, ҳалвопазон, гаҳворасозон, мехчагарон.
Адҳам Маъмурзода таваҷҷуҳи меҳмононро ба Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, ки бо дастур ва иқдоми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, ҷалб намуда, фаъолияти ин муассисаи таҳсилоти миёнаи касбиро дар эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ анъанаҳои қадимии ниёкон, ҳунарҳои зебои мардумӣ эҳё мешаванд ва имрӯз, ба ин васила, ҷаҳониён бо таърихи хеле қадимаи миллати тоҷик воқеъбинона ошно мегарданд.
Ҷаноби Сампат Эрахапола зимни мулоқот аз пазироии гарму самимӣ ва тоҷикона дар шаҳри Истаравшан изҳори миннатдорӣ карда, андешаҳояшро бобати таърихи шаҳри Истаравшан, хоса ҳунарҳои мардумии ин шаҳр, ки аз дархостнома ва маълумотномаи муфассали пешниҳодкардаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан шинос шудааст, баён кард ва эътимоди хешро бар он нигаронид, ки баъди боздид аз растаи ҳунармандону намуди ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан маълумоти пайдокардааш тасдиқи худро меёбанд ва барои эътирофи Истаравшан ҳамчун шаҳри ҳунармандӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳанд кард.
Айдархан Кулиев дар мулоқот баён дошт, воқеан, шаҳри Истаравшан нахустин ташаббускор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои шомил гардидан ба узвияти Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ муроҷиат намуд. Ӯ таъкид кард, ки алҳол аз минтақа 4 шаҳр аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва якшаҳрӣ аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ба узвияти Шуро пазируфта шуда, мутаассифона, то ҳол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон шаҳр дар феҳрасти ин Созмони ҷаҳонии ҳунармандӣ ҷойгир нашуда буд.
Ҳайати Комиссия барномаи кории пешниҳодшударо қобили қабул дониста, изҳори боварӣ карданд, ки дар доираи он имконият фароҳам аст, то бо ҳунармандию ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан аз наздик шинос шаванд ва хулосаи хешро барои ҳайати бонуфузи Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ оид ба эътирофи шаҳри Истаравшан ҳамчун шаҳри ҳунармандон дар арсаи байналмилалӣ манзур созанд.
Тибқи барнома, Комиссия бо Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, Қалъаи Муғ, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, растаи оҳангарон, маркази ҳунармандии “Ҳушанг”, растаи фурӯши маҳсулоти қаннодӣ, нонӣ ва ҳунармандии бозори марказӣ шинос гардида, ҳамзамон, дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ иштирок карданд.                                                                                                        
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.07.2024 №: 130
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив