ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТИРГОН. МУАРРИФИИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ

ТИРГОН. МУАРРИФИИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ

11 июл 2024, Панҷшанбе
14
0
Боиси сарфарозист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иду ҷашнҳои қадимаи аҷдодӣ, аз ҷумла Тиргон, аз нав эҳё гашта, дар саросари мамлакати азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса, бо қабои нави идона ва омехтаи расму оинҳои суннатӣ баргузор мешаванд. Ин омил ҳам барои ташаккули бренди миллии сайёҳии Тоҷикистон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои хештаншиносӣ дар давраи ҳассос мусоидат менамояд. 
 
ИДҲОИ МИЛЛӢ – ВОСИТАИ ҶАЛБИ МЕҲМОНОН
Чанде пеш дар доираи Ҷашни Тиргон, ки бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе ҷараён гирифт, ин Ҷашни қадимаи тоҷикон бо ташкили гӯшаи сайёҳии мамлакат аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ гардид. 
Гуфтан бамаврид аст, ки чанд соли охир дар баробари Ҷашни Тиргон, Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Сада, Меҳргон, иду фестивалҳои харбузаю тарбуз, оши палав, яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан ва дигар ҷашнҳо ба сифати бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ мегарданд. Масъулони рушди соҳаи сайёҳӣ, бо назардошти таваҷҷуҳи бешумори сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба ин иду ҷашнҳо, дар арафа ва рафти баргузории чорабиниҳо ҷаҳонгардонро ҷалб менамоянд. Ин, аз як ҷониб, ба муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, фарҳангӣ, кишоварзии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд, аз тарафи дигар, дар устуворсозии мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ заминаи воқеӣ мегузорад. 
 
САЙЁҲИИ БА ЧОРАБИНИҲО АСОСЁФТА МАЪРУФИЯТ ПАЙДО МЕКУНАД 
Таҳлили коршиносони байналмилалӣ нишон медиҳад, ки вақтҳои охир байни ҷаҳонгардон сайёҳии ба ягон чорабинӣ (фестивал, иду ҷашнҳо) асосёфта маъруфияти бештар пайдо мекунад. Ин аз он сабаб аст, ки, аллакай, истироҳати якранг дар лаби баҳру уқёнусҳо мавқеи худро аз даст дода, бар ивази он чорабиниҳои машҳури оммавӣ шумораи ҳарчи зиёди сайёҳонро ҷалб менамоянд. Феълан, барои сайёҳ иштирок дар чорабиниҳои анъанавӣ беҳтарин воситаи эҳсоси руҳияи макони ташрифоварда ва обуранги чорабиниҳои миллӣ мебошад. Ғайр аз ин, чунин саёҳат хеле пурмаҳсул буда, сайёҳон аз иштирок дар фестивалу чорабиниҳои фарҳангӣ таассуроти бештари мусбат мегиранд. Аз ин рӯ, феълан шумораи афзояндаи истироҳаткунандагон сайёҳии ба чорабиниҳо асосёфтаро афзал медонанд.
Имрӯзҳо намудҳои зиёди сайёҳии ба иду ҷашнҳо асосёфта мавҷуданд, ки сайёҳон вобаста ба завқу салиқаи худ онҳоро интихоб мекунанд. Яке аз онҳо фестивалҳои гастрономӣ мебошанд, ки дар онҳо метавон аз хӯрокҳои лазиз, нӯшокиҳо, меваҷоту шириниҳо чашид. Таҷлили иду ҷашнҳои қадимаи миллии мо, аз қабили Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, ки ҳар кадом ба фаслҳои алоҳидаи сол асос ёфтаанд, барои ташкили  чунин фестивалҳои таомҳои миллӣ, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ мувофиқ мебошанд. Лаззати меваҳои шаҳдбор ва хӯрокҳои лазизи миллии Тоҷикистон, расму оинҳои қадима, обуранги фарҳанги миллӣ ба сайёҳон таассуроти фаромӯшнашаванда мебахшанд.
 
ТИРГОН ҶАШНИ ХУДШИНОСӢ ҲАМ ҲАСТ
Тавре иттилоъ додем, бахшида ба Ҷашни Тиргон дар шаҳри Душанбе «Ҷашни зардолу» ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» ба таври вижа баргузор гашт. Аммо, ҳадафи аслии баргузории чунин ҷашнҳо, агар аз як тараф, ҷалби сайёҳон бошад, аз ҷониби дигар, боло бурдани ҳисси худшиносии мардум аст. Аксари ҷавонон ҷашнҳои қадимаро, ки ҷузъи фарҳанги миллии мо мебошанд, сатҳӣ дарк мекунанд. Дар ин росто, Ҳукумати мамлакат чорабиниҳои гуногунро бо ҷалби ҷавонон баргузор менамояд, ки Тиргон яке аз онҳо мебошад.   
Тиргон қадимтарин ҷашни мардуми эронитабор буда, муждадиҳандаи борон аст. Яке аз эътиқодҳои Ҷашни Тиргон ба рангинкамоне марбут аст, ки ҳангоми борон ё баъд аз борон дар осмон пайдо мешавад. Онро «Тиру камон» меноманд. Гузаштагони мо рангинкамонро борони камони Тир (фариштаи борон) медонистанд. Вобаста ба ин, донишмандон пешниҳод медоранд, ки дар Ҷашни Тиргон мусобиқаҳои камонварӣ  низ, ташкил карда шаванд. Инчунин, тибқи арзёбии олимон, Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон бо ҳам пайванд буда, ҳар кадом идомаи якдигаранд, аз ин рӯ, ин идҳо бояд дар яклухтиву ҳамбастагӣ фаҳмида шаванд. Ҳамзамон, бо назардошти эҳёи дубора, ба ин идҳо ҳам қабои карнавалӣ ва ҳам театрӣ бахшидан ба маврид аст.  
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 11.07.2024 №: 131
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив