ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲА

ХАТЛОН. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲА

12 июл 2024, Ҷумъа
30
0
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид.
 
Дар он муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, вазирону роҳбарони як қатор идораҳои ҷумҳуриявӣ, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, масъулони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Ҷаласаро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 фаъолон ва аҳли заҳмати вилояти Хатлон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст карданд ва баҳри дар амал татбиқ сохтани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиш доранд.
– Соли сипаригардида бо азму талоши Пешвои муаззами миллат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карданд ва мардуми Хатлонзамин ба хотири боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани биҳиштосоямон сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд. Тавре аз таҳлилҳои соҳаҳои гуногун бар меояд, дар баробари муваффақиятҳои ба дастомада дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт масъалаҳои ҳалношуда ва захираҳои зиёди  истифоданагардида низ ҷой доранд. 
– Боварии комил дорем, ки мо, фаъолон ва аҳли заҳмати вилоят ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон иброз намуданд, инчунин, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини сифатноки барномаҳои маҳаллию соҳавӣ, вусъати корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда,  баҳри таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят тадбирҳои заруриро амалӣ менамоем, – иброз дошт Давлаталӣ Саид.  
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода роҷеъ ба корҳои сабзу хуррамгардонӣ ва тозасозии партобҳо дар ҳудуди вилоят ибрози назар намуд.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зимни баромади худ таъкид намуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ва бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда дар вилоят шароит муҳайё гардид, то нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст гардад. 
Давлаталӣ Саид ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини нақшаҳои андоз, истифодаи пурсамару оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, омодагии соҳаҳои хоҷагии халқ ба фасли сармои пешорӯ, ташвиқу тарғиб ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва амалҳои ношоиста дар миёни наврасону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, таълими ғайриқонунии динӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, вусъати корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 12.07.2024 №: 132
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив